ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ҲАБСИ МУОВИНИ СОБИҚИ САРВАЗИРИ ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ КОРРУПСИЯ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муовини собиқи сарвазири ин кишвар ва раиси собиқи Кумитаи саноату энергетика ва маъданҳои ин ҷумҳурӣ Дуйшенбек Зилолиевро бо иттиҳоми коррупсия дастгир кардааст.

Дар иттилоияи маркази матбуоти КДАМ танҳо ҳарфҳои аввали нафари дастгиршуда – З.Д.Т. нашр шудааст, вале соли 2017 он кумитаи зикршударо Дуйшенбек Зилолиев роҳбарӣ мекард.

Бино ба иттилои КДАМ, дар соли 2017 З.Д.Т. аз як шаҳрванд бо номи Б.Р. барои ҳалли масъалаи додани иҷозатномаи истихроҷи маъдан аз як кон 50 ҳазор доллар пора гирифтааст, вале на масъаларо ҳал кардаас ва на пули он нафарро баргардондааст.

 “Дар асоси далелҳои дар ҷараёни тафтишот ҷамъоваршуда рӯзи 15 марти соли 2023 З.Д.Т.  дар тавқифгоҳи боздоштгоҳи КДАМ Қирғизистон маҳкам карда шуд”, –  гуфта мешавад дар хабар.

Зилолиев дар гузашта низ таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифта буд. Аз ҷумла соли 2018 ӯро барои додани хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ ба 3 соли шартии зиндон маҳкум карданд. Гуфта мешуд, ки Зилолиев рӯзи 24 ноябри соли 2017 дар рӯзи адои савганди Сооронбой Жээнбеков ба ҳайси президенти Қирғизистон дар бораи хатари таркиши бомб хабар додааст. Ронандааш он вақт баёнот дода буд, ки Зилолиев дар роҳ ба як хонуми донишҷӯи Академияи ВКД гап партофт, вале он духтар ба вай эътибор надод ва аз ин рӯ, Зилолиев сари қаҳр ба пулис дар бораи гузошта шудани бомб хабари бардурӯғ дод.

7 декабри соли 2018 Дуйшенбек Зилолиевро дар чорчӯби парвандаи ҷамъ овардани боигариҳои ғайриқонунӣ боздошт карданд. Кормандони КДАМ ӯро айбдор карданд, ки аз соли 2011 то 2016, ки Зилолиев дар мансабҳои давлатӣ кор мекард, 889 ҳазору 900 доллар даромади чанд баробар аз маошаш бештар ба даст оварда, ин даромадро дар эъломияи андозаш нишон надодааст. Адвокати Зилолиев мегуфт, ки ин даромади ӯ қонунӣ буда, аз ҳисоби тиҷоратҳое, чун чорводорӣ ба даст овардааст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 5 октябри соли 2020 Зилолиевро бо ҷурми ба даст овардани боигариҳои ғайриқонунӣ ба 7 соли зиндон маҳкум ва молу мулки ӯ  – 5 хона, 2 офис, чанд ҳавлӣ, 104 ҳазор доллар ва 3 миллион сом, соатҳои дастӣ ва телефонҳояшро ба фоидаи давлат мусодира кард. Вале соли 2021 парвандаи Зилолиев ба далели роҳ додани ба иштибоҳҳои мурофиавӣ барои баррасии дубора ба додгоҳи ноҳияи Якуми май баргардонда шуд ва моҳи январи соли 2022 додгоҳ қарор кард, ки чораи пешгирӣ нисбат ба ин мансабдори дар гузашта баландпояро аз ҳабс ба ҳабси хонагӣ иваз кунад.

Дуйшунбек Зилолиев 50 сол дорад. Ӯ 16 июли соли 1973  дар шаҳри Қарокӯли вилояти Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон ба дунё омада, сол 1991 як сол дар Мактаби олии ВКД СССР дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон таҳсил кардааст. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Зилолиев ба Қирғизистон баргашта, таҳсилашро дар Мактаби милитсияи Бишкек давом дод ва соли 1995 Академияи пулиси ВКД Туркия дар шаҳри Анкараро низ хатм кард. Баъди хатми таҳсил Зилолиев то соли 2002 дар Академияи ВКД Қирғизистон дарс медод, вале сипас ба кори давлатӣ гузашт ва асосан дар сохторҳои Кумитаи идораи амволи давлатӣ кор мекард.

Рушди карераи Зилолиев дар давраи президентии Алмосбек Аҳтамбоев ба нуқтаи авҷаш расид. Ғ аз соли 2011 то 2018 дар мансабҳои муовини котиби Шӯрои мудофиаи Қирғизистон (солҳои 2011-2013),  раҳбари Агентии геология ва маъданҳои табиӣ (2013-2016), раиси Кумитаи саноату энергетика ва маъданҳо (2016-2017), аз моҳи август то ноябри соли 2017 дар мақоми муовини сарвазири Қирғизистон дар масоили иқтисодӣ ва аз ноябри 2018 то соли 2018 дар мақоми раиси Фонди идораи амволи давлатии Қирғизистон кор кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button