ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷирон

ҚОТИЛИ ДУХТАРИ ПАНҶСОЛАИ ТОҶИК БА 24 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 15 марти соли 2015 бо анҷоми баррасии парвандаи пурсарусадои Александр Сёмин  ин шаҳрванди Русияро бо ҷурми таҷовуз ва қатли ваҳшиёнаи  духтарчаи тоҷики панҷсола Ҳувайдо Тиллозода ба 24 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Сёмин аз тобистони соли 2018 алакай 4 соли 7 моҳ боз дар паси панҷара қарор дорад ва бояд акнун 19 солу 5 моҳи дигарро дар зиндон сипарӣ кунад. Падару модари Ҳувайдо талаб доштанд, ки қотили фарзандашонро ҳабси умрбод бидиҳанд. Ҳувайдо моҳи июли соли 2018 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав кушта шуд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, баъди эълони ҳукми додгоҳ  ба “Азия Плюс” гуфт: “Қотили фарзандам имрӯз ҷазои сазовор гирифт, зеро тамоми Тоҷикистон бо мо буд. Панҷ сол ин рӯзро интизор будем. Акнун рӯҳи духтарам шод аст”.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон дар кӯчаи Тяговаяи шаҳри Серпухов ҳамроҳ бо падару модар ва ду хоҳару додараш зиндагӣ мекард. Нимаи дуюми рӯзи 22 июли соли 2018, вақте ӯ дар рӯи ҳавлӣ бозӣ дошт, марди бегонае ӯро бо ваъдаи харидани яхмосу бозича фиреб дода, бо худ бурд. Ҷасади Ҳувайдоро баъди як рӯз аз даруни як сумкаи калон дар чуқурие дар канори роҳи оҳани Серпухов пайдо карданд. Тавре ташхис нишон дод, қотил қабл аз куштани кӯдак ба ӯ дастдарозӣ ҳам кардааст.

Худи ҳамон бегоҳи 23 июли соли 2018 сокинони кӯчаи Тяговая Александр Сёминро дар ҳавлӣ дида, ба корманди пулис нишон доданд, ки қотил фақат ҳамин буда метавонад.

Дар натиҷаи кофтуков бо саги бӯгир аз хонаи Сёмин, ки дар ҳамсоягии оилаи Тиллозода мезист, либосҳои дар об тар кардаи Ҳувайдои ғӯррамарг ва як кафшу як лӯхтакашро пайдо карданд. Тафтиши камераҳои назоратии шаҳр нишон дод, ки Сёмин бо сумкае, ки дар дарунаш ҷасади кӯдак буд, дар дурбини дастикам як камера ҳам афтодааст.

Александр Сёмин 27 сол дошта, модари ӯ як омӯзгори машҳур дар Серпухов ва падараш корманди баландпояи ҳукумати ин шаҳр будааст. Сёмин 10 сол пеш ҳатто як муддат дар пулиси Серпухов кор кардааст, вале баъди итмоми давраи санҷишӣ вайро қабул накардаанд.

Дар ҷараёни тафтиши парвандаи қатли Ҳувайдо маълум шуд, ки ин духтари маъсуми тоҷик ягона тӯъмаи Александр Сёмин, гумонбари асосӣ дар қатли ин кӯдаки тоҷик нест. Ба гуфтаи сокинон, як сол пеш низ ба пулис расман шикоят карда буданд, ки ин мард дар майдончаи кӯдакони кӯчаи Тяговая олоти ҷинсиашро ба кӯдакони хурдсол нишон додааст, вале пулис аслан ба ин шикоят аҳамият надода, Сёминро ҳатто бозҷӯӣ накардаанд.

Ба ин далел, раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав 5 роҳбари баландпояи пулиси шаҳри Серпухов, бо шумули сардори пулиси ин шаҳрро барои хунукназарӣ аз сафи пулис ронд.

Дар ҷараёни тафтиши ин парванда, хешовандони бонуфузи Сёмин талош карданд, ки ӯро аз ақл бегона нишон дода, аз ҷавобгарӣ халос кунанд. Онҳо ба падари Ҳувайдо низ 10 миллион рубл пул пешниҳод карданӣ шуданд, то ки аз даъвояш гузарад, вале Абдусалом Саидов инро рад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Хайрият
    Илохо дар зиндон зиндониён чазохои сахттарро нишон диханд ба ин малъун.
    Сабри чамил ба падару модари Хувайдо-КУРБОНИИ МУХОЧИРАТ.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button