ВидеоМинтақа ва ҷаҳонЧеҳраҳо

ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ХУДАШ САВОРИ МОШИН ВАЗЪИ РОҲҲОИ ХАРОБРО ТАФТИШ КАРД (ВИДЕО)

Рӯзи 13-уми марти соли 2023 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёнми сафари кориаш аз вилояти Сурхондарё ба таври ғайричашмдошт аз протоколи сафар берун шуда, ҳамроҳи ҳокими ин вилоят ба як мошини “Малибу” нишаст, то ки вазъи роҳҳои ин вилоятро шахсан тафтиш кунад. Мошинсавории Мирзиёев дар роҳи харобаи Бойсун –Деҳнав хабарсозтарин бахши сафари кории президенти Ӯзбекистон ба Сурхондарё шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон бо нашри видеои мошинсавории Мирзиёев навишт, “бо дар назардошти шикоятҳои шаҳрвандон аз сифати роҳ дар масири Бойсун -Деҳнав, президент тасмим гирифт, ки барои санҷиши сифати роҳҳои вилояти Сурхондарё шахсан худаш ба сари чанбари фармони мошин нишаста, аз сатҳу сифати роҳҳо огоҳ шавад”.

Чигуна, ки аз ин видео дида мешавад, роҳ хеле дар шароите бад қарор дошта, аз фарсудагии он мошин ҳангоми ҳаракат чандин бор ба ларза медарояд.

Мирзиёев ҳангоми ҳаракат дар ин масир ба ҳокими ин вилоят мегӯяд:  “Агар ба касе бовар кунам, ҳатман дурӯғ мегӯяд. Ҳамеша мегӯянд, ки ҳама чиз хуб аст. Бо пинҳон кардани камбудиҳои ҷойдошта, ягон вақт онҳо худ аз худ ҳалли худро намеёбанд. Бояд воқеъбинона ба ҳама чиз нигоҳ кард. Худатон бинед, дар ин роҳ ҳаракат кардан бо мошин ғайри имкон аст. Аз рӯи инсоф бояд амал кард. Бо ин шароите, ки ин роҳ дорад, мардум чӣ гуна бояд аз ҳукумату давлат розӣ бошанд?!”

Пас аз тафтиши бевоситаи худ, Шавкат Мирзиёев низ аз сатҳи пасти сифати роҳҳои ин вилоят танқид намуда, дастур дод,  то дар кӯтоҳтарин муддат ба ин масъала расидагӣ шавад, то ки  шаҳрвандон ба роҳатӣ ва ба сурати амн сафарҳои рӯзмарраи худро анҷом диҳанд.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки аллакай роҳсозон барои тармими ин роҳ даст ба кор шуданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори Мирзиёев ситоиш намуда навиштаанд, ки “ҳокимони маҳаллӣ барои худро “ширин” кардан ҳамеша камбудиҳои ҷойдоштаро пинҳон мекунанд”.

Ин бори аввал нест, ки Мирзиёев ҳангоми сафарҳои худ ба вилоятҳо, аз протоколи расмӣ хориҷ шуда, аз ҷойҳое, ки дар протокол нестанд, идор мекунад  ва бо мардум ҳамсӯҳбат мешавад.

Ҳатто боре ӯ бо дидани хонаи азодоре корвони мошинҳои дастгоҳи худро боз дошта, барои ҳамдардӣ ба соҳибхона ва аъзои хонавода майит вориди манзил шуда, дар ҳаққи майит фотиҳа низ хонда буду бевосита аз тарафи худ ба он хонавода ёрии пулӣ низ расонда буд.

Ҳамин тавр, як бори дигар Мирзиёев аз боздид аз бемористоне, ки барои омадани ӯ “тайёр” карда буданд, рост ба бемористоне рафт, ки дар он ҷо касе омадани президентро интизор надошт ва ягон омодагӣ надида буданд.

Ин рафтори президенти Ӯзбекистон ба бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар писанд аст ва ӯро “президенти мардумӣ” мехонанд.  Ва аммо мунтақидонаш инро “худнамоӣ” мешуморанд.

Дар гузашта чунин амалҳо аз ҷониби президенти Тоҷикистон низ  анҷом мешуд. Аз ҷумла ӯ худаш нақл карда буд, ки чӣ гуна як дафъа дар ағбаи Фахробод аз мошинаш пойин шуда, ба як мошини раҳгузар нишастааст. Як бори дигар Эмомалӣ Раҳмон субҳ либоси оддӣ пӯшида, савори як мошини “Жигули” дар роҳҳои пойтахт ва атрофи шаҳр “сайругашт” карда буд ва баъди омаданаш роҳбарони БДАро гӯшмоли сахт дода буд. Вале дар солҳои охир атрофиёни президент ӯро дар изолиятсия қарор додаанд. Ба ҳадде ки аз чанд моҳи пеш дар маконҳое, ки ӯ боздид бояд кунад, ҳамаро “тайёр” мекунанд ва мардумро қатъиян огоҳ мекунанд, ки “аз Президент суолҳои ҳархела накунанд ва табъи роҳбари давлатро хира насозанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Протоколшинос Профессор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Мутаассифона, тағйири қонуни асосӣ водор месозад, ки аз “протокол”-ҳо берун бароӣ, то дил ба даст орию дар курсӣ бимонӣ, ин нафси қудратхоҳон аст. Худи аз “протокол” берун шудан ҳам як “протоколча” аст, вагарна чаро бояд расонаӣ шавад? Бо ин протоколча 36-млн ӯзбекро фиреб дод. Агар дар гӯши фил хоб набошӣ, бо сад роҳ аз роҳҳои хароб огоҳ мешавӣ, бидуни нишастан дар сари чамбарак ва дурӯғгӯ кардани халқи бечора…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button