ВидеоИлму фанноварӣСиёсатЧеҳраҳо

ПИРИ ДИПЛОМАТҲОИ ТОҶИК АКАДЕМИК ТАЛБАК НАЗАРОВ БА СИННИ 85 РАСИД

Академик Талбак Назаров, вазири собиқи маориф ва вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 15 марти соли 2023 ба синни 85 расид.  Талбак Назаров аз соли 1994 то 2006, дар тӯли 12 сол раҳбарии идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро бар дӯш дошт ва дипломатҳои собиқадори тоҷик ба шумор меравад.

Талбак Назаров 15 марти соли 1938 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ  соли 1960 Донишкадаи молия ва иқтисоди шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт Петебург) ба номи Н.Л. Вознесенскийро хатм карда, аз соли 1960 то 1988, 28 сол дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор карда, аз устоди оддӣ то ба мақомҳои мудири кафедраи молия ва қарз, декани риштаи иқтисодӣ (аз соли 1976 то 1982) расида ва аз соли 1982 то 1988 ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.  Талбак Назаров ҳамчунин аз соли 1988 то 1990 дар мақоми вазири маориф ва сипас то соли 1991 дар мақоми муовини раиси Шӯрои вазирон ва раиси Госплан кор карда, аз соли 1991 то 1994 ноиби президенти Академияи илмҳо ва сипас аз соли 1994 то замони ба нафақа баромаданаш дар соли 2006, дар тӯли 12 сол вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Баъди ба нафақа рафтан ҳам академик Талбак Назаров аз соли 2008 то 2013 раҳбарии Фонди хайрияи ҷумҳуриявиро, ки бо ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда буд, бар уҳда дошт.

Талбак Назаров соли 1965 аспирантура ва соли 1975 докторантураи Донишкадаи молия ва иқтисоди шаҳри Ленинградро хатм карда, ҳарду рисолаи номзадӣ ва докториашро низ дар Ленинград дифоъ кардааст ва соли 1975, дар синни 37 доктори илмҳои иқтисодӣ гардида, соли 1976, дар синни 38 унвони профессориро ба даст оварда буд.

Талбак Назаров  соли 1988 сазовори унввони Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон ва соли 1991 соҳиби унвони академики Академияи илмҳои Тоҷикистон шуда, соли 2003 барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Сино гардид.

Талбак Назаров муаллифи зиёда аз 100 рисолаю мақолаҳои илмӣ дар улуми иқтисодӣ ва дипломатӣ, аз ҷумла муаллифи китобҳои “Дипломатияи муосири тоҷик” (2006) (бо Абдунабӣ Сатторзода) ва “Ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамкориҳо ва амният” (2013), мебошад.

Талбак Назаров дар солҳои 1996 ва 1997 раҳбарии ҳайъати ҳукуматро дар музокирот бо мухолифин бар уҳда дошт ва дар расидан ба сулҳ ва имзои Созишномаи сулҳи соли 1997, ки ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нуқта гузошт, низ саҳми муҳим дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button