ВидеоДин ва боварҳо

КИТОБИ ИБНИ БОЗРО МЕХОНД… ДАР КОНИБОДОМ ЯК МУДАРРИСРО БА ТАБЛИҒИ САЛАФИЯ АЙБДОР МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Як рӯҳониро дар Конибодом ба тадриси ғайриқонунии улум мазҳабӣ айбдор мекунанд.  Милитсия гуфт, дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки ин мударрис ба дастикам як шогирдаш тибқи таълимоти равияи мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия сабақ медодааст.

Дар аввал ба зидди сокини ҷамоати Пӯлотон Тоҷибоев Нуриддин Насибович барои таълими ғайриқонунии улуми мазҳабӣ танҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода буданд ва ба ӯ барои ин танҳо ҷарима таҳдид мекард. Вале акнун ба зидди ӯ бар асоси моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ташкили фаъолияти созмони ифротие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ манъ карда шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ба Нуриддин Тоҷибоев бар асоси ин банди қонун то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфт, Нуриддин Тоҷибоев, соли таваллудаш 1982, дар хонааш ба як ҷавон таълими динӣ дода, ӯро ба равияи мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия шомил кардааст.

“Ин ҷавон, ки мехост донишҳои диниашро мустаҳкам кунад, ба сабаби надоштани саводи динӣ тавсияҳои мударрисро қабул ва ба он пайравӣ кардаааст. То даме, ки ғайриқонунӣ ва нодуруст будани он барояш маълум гашт”, – гуфт Акбар Шарифӣ дар гузориши нашршуда.

Худи ин ҷавон дар гузориш мегӯяд: “Моҳи декабр ҳамроҳи бачаҳо нишаста будем. Домуллоро таъриф карданд, ки илмашон зӯр аст. Бо шавқи зиёд ба наздашон рафтам”.

Бино ба фарзияи милитсияи Конибодом, Нуриддин Тоҷибоев ҳанӯз соли 2009 бо ақидаҳои ҷараёни Салафия ошноӣ пайдо карда, бо вуҷуди онки фаъолияти ин равия бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2009 дар ҷумҳурӣ расман манъ карда шуд, фаъолияташро дар ҳайъати ин равияи ифротӣ идома дода, барои афзоиш додани саффи тарафдорони Салафия бо роҳи тарғибот кӯшишҳо ба харҷ додааст.

Мақомот мегӯянд, ҳангоми кофтукоб аз манзили Тоҷибоев адабиёти диние ёфт шуд, ки мазмун ва муҳтавои ифротӣ доранд. Аммо дар навори нашршуда чанд китобе, ба мисли “Маърифати Расулуллоҳ ва саҳобагони киром” нишон дода шуданд, ки дар чопхонаҳои  расмии Тоҷикистон нашр шуда, озодона фурӯхта мешаванд.

Худи Тоҷибоев дар гузориш иқрор мекунад, ки китоби “Ҳадя”, муаллифаш Ибни Бозро мутолиа мекард. Акбар Шарифӣ аз ӯ мепурсад, ки Ибни Боз яке аз саркардагони Салафия аст? Тоҷибоев ҷавоб медиҳад, ки “ҳамин хел аст…” Маълум нест, ин эътирофот аз Нуриддин Тоҷибоев дар чӣ шароите ба даст оварда шудааст. Худи ӯ ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Абдулазиз Ибн Абдуллоҳ Ал-Боз, маъруф ба Ибни Боз (1912 – 1999), як рӯҳонии маъруф аз Арабистони Саудист, ки аз соли 1993 то дами маргаш дар соли 1999 муфтии аъзами Арабистони Саудӣ буд. Ӯро аз тарафдорони аршади равияи Салафия ном мебаранд. Ӯро соли 1992 дар гӯристони Ал-Адли шаҳри Макка ба хок супурданд.

Салафиҳо, ки аз пайравони равияҳои суннатӣ асосан бо чанд вижагиҳои зоҳирӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзорҳои кӯтоҳи аз буҷулаки по боло, гузоштани риши дароз, баланд гуфтани “омин” дар миёнаи намоз,  ва  ҳам бо амалҳое, чун кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд, дар Тоҷикистон дар миёнаҳои даҳаи аввали асри 21 пайдо шуданд. Онҳо ҳамин тавр, бо рӯҳониёни суннатӣ ва бо аъзо ва тарафдорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) вориди баҳсҳои шадид шуда, ин рӯҳониёнро ба гумроҳ кардани мардум ва истифодаи дин ҳамчун абзори таъмини зиндагии хуш барои худу наздиконашон ва наҳзатиҳоро ба таблиғи ақидаҳои наздик ба сиёсати режими шиъаҳои Эрон айбдор мекарданд.

Дар соли 2009 дар пайи авҷ гирифтани баҳсҳо ва ихтилофоти мазҳабӣ дар ҷомиа, Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни Салафияро расман манъ кард ва соли 2014 ин равияро ба рӯйхатти сиёҳи созмону ҳаракатҳои ифротӣ шомил кард. Дар пайи манъи расмии Салафия даҳҳо нафар аз роҳбарон ва пайравони он дар Тоҷикистон боздошту маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигари онҳо тарки Тоҷикистон карда, ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Забоншинос, ҷомеъашинос, равоншинос Ҳасанҷони Холмуҳаммадпури Абдуғаффор гуяд:

    Дар Тоҷикистон ба дини ислом мегӯянд: Дур нарав, ёдат мекунем, пеш наё дидат наметавонем!
    Don’t go far, we’ll miss you, but don’t get too close because we can’t stand you!
    Не уходи далеко, мы будем скучать по тебе, но не подходи слишком близко, потому что мы не можем тебя терпеть!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button