ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТО 16 МАРТ ДАР ТОҶИКИСТОН ХАТАРИ ТАРМАЮ ЯРЧУ СЕЛУ САНГРЕЗ ЗИЁД БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 14 марти соли 2023 бо нашри як ҳушдор ба самъи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ расонд, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон ба сабаби гармшавии ҳаво ва боришоти рӯзҳои ахир дастикам то 16 март дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон хатари баланди фурӯ рехтани тармаю сел ва ярчу сангрез боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, дар бархе қисматҳои роҳҳои Душанбе – Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб осори яхбандон боқӣ монда, эҳтимоли зиёди фурӯ рехтани тармаҳо ва сангрез вуҷуд дорад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ва сайругашт ба минтақаҳои хатарноки тармахез ҳадалимкон худдорӣ карда, ҳушёр бошанд. Аз ронандагон ҳам хоста шуда, ки ҳангоми ҳаракат дар ағбаҳо ва минтақаҳои кӯҳистон қоидаҳои бехатарӣ ва ҳам фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Кумита аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, шикору моҳидорӣ худддорӣ кунанд. Аз сайёҳон ҳам хоста шудааст, ки дар  ин рӯзҳо ба сайругашти манотиқи кӯҳистон набароянд.

 “Дар роҳҳо ҳушёру бодидққат бошед! Ҳаёти худро зери хатар нагузоред!” – таъкид шудааст дар ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Ёдовар мешавем, моҳи феврали соли 2023 дар Тоҷикистон дастикам 23 нафар қурбони тармаҳо шуданд. 18 нафари онҳо рӯзҳои 15 ва 16 феврал дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла 15 нафар дар маҳаллаи Носири Хусрав дар канори шаҳри Хоруғ, ду нафар дар Ванҷ ва як духтар дар Шуғнон зери тармаҳо ҷони худро аз даст доданд. 5 нафари дигар дар роҳи Душанбе – Хуҷанд дар зери тармаҳо ба ҳалокат расиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button