ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР БРЯНСК БО НАШЪА БА ДАСТ АФТОДА, БА КОРМАНДОНИ ПУЛИС 2 МИЛЛИОН РУБЛ ПОРА ДОДАНӢ ШУДАНД

Додгоҳи ноҳияи Бежитсаи шаҳри Брянски Русия рӯзи 13 марти соли 2023 ду зодаи Тоҷикистон Муҳибулло Меҳмонов ва Сироҷиддин Тошланбоевро бар асоси 5 банди Кодекси ҷиноятии Русия дар қасди қочоқу фурӯши маводи мухаддир (моддаи 228.1, қисмҳои 3 ва 4),  муқовимат ба кормандони пулис (моддаи 318, қисми 1) ва пешниҳоди беш аз 2 миллион рубл пора барои “харидан”-и онҳо (моддаи 291, қисмҳои 4 ва 5) гунаҳкор шинохта, Меҳмоновро ба 14 солу 6 моҳ ва Тошланбоевро ба 14 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Худи Меҳмонов, ки 32 сол доштааст,  ва Тошланбоеви 26-сола ва адвокатҳояшон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Брянск бидуни ифшои аз кадом кишвар будани онҳо хабар дод, ки ин ду нафарро   12 майи соли 2022 дар шаҳри Брянск бо далелҳои шайъӣ дастгир кардаанд.

Бино ба  фарзияи тафтишот, ки додгоҳ низ онро тасдиқ кард, Меҳмонов ва Тошланбоев, ки дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекарданд, моҳи майи соли 2022 бо мошин ба Брянск омада, дар пинҳонгоҳҳо маводи мухаддири бо худашон овардаро пинҳон кардаанд, то ки баъдан тавассути мессенҷер  ба харидорон суроғаҳои ин пинҳонгоҳҳоро бидиҳанд. Гуфта мешавад, онҳо бо худ аз Маскав ба Брянск маводи мухаддири навъҳои метадон, мефедрон ва  PVP оварда буданд.

Рӯзи 12 майи соли 2022 онҳоро ҳангоми пинҳон кардани чанд бастаи маводи мухаддир кормандони шуъбаи мубориза бо нашъаи пулиси шаҳри Брянск дастгир кардаанд.

Тафтишот мегӯяд, қочоқбарон дар аввал талош кардаанд, муқовимат нишон дода, аз дасти пулис фирор кунанд ва ба ин мақсад бо дасту по кормандони пулисро латтукӯб кардаанд.

Аммо, меафзояд хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Брянск, “баъди онки муқовимати дастгиршудаҳо фурӯ нишонда шуд, яке аз онҳо ба кормандони пулис барои халос шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқу фурӯши маводи мухаддир  як миллион рубл пора пешниҳод кард. Баъдтар нафари дуюм ба роҳбарони пулиси Брянск, ки ба маҳалли боздошт омада буданд, пора ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор рубл пешниҳод кард ва ба онҳо кортҳои бонкии худро, ки дар дохилашон 500 ҳазор рубл буд, ҳамчун як қисми ин пора дод. Вале кормандони пулис аз гирифтани пора даст кашида, аъмоли онҳоро санадгузорӣ карданд”.

Дар ҷараёни тафтиши ин парванда боз як ҳолати даст доштани Меҳмонов ва Тошланбоев дар фурӯши қочоқи маводи мухаддир дар шаҳри Пензаи Русия низ ошкор гардидааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.  Аз ҳудуди 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button