ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

САЙФУЛЛО САИПОВ АЗ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР АМРИКО БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи федералии Амрико Сайфулло Саипов, як муҳоҷири ӯзбекистониро, ки санаи 31-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк 8 нафарро дар як ҳамлаи террористӣ кушта буд,  ба ҳабси умрбод бидуни ҳаққи озодии пеш аз муҳлат маҳкум кард.  

Додситонии ҳавзаи ҷанубии шаҳри Ню-Йорк  бо нашри ин хабар гуфт, ки додситонӣ барои Саипов ҳукми қатл талаб дошт. Ҳукми қатл танҳо дар сурати пуштибонии тамоми аъзои ҳайати мунсифа (суд присяжных) метавонад содир шавад, вале дар қазияи Саипов пуштибонии ҳамаи аъзои жюри аз ҳукми қатлро ба даст оварда натавонистанд.

Сайфулло Саипов, ки ҳоло 34 сол дорад, дар санаи 31-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк бо мошини боркаши иҷорагирифтааш болои издиҳом ҳамла оварда, 8 нафарро кушт ва 12 нафарро захмӣ кард. Ӯ сипас бо нидои “Аллоҳ Акбар!” аз мошини худ фаромада, бо силоҳи пейнтбол мехост тирпарронӣ кунад, вале кормандони пулис ӯро захмӣ ва дастгир карданд. Аз 8 қурбонии ҳамлаи Саипов 5 танаш шаҳрвандони Аргентина, 1 нафари дигар шаҳрванди Белгия ва 2 тани дигар шаҳрвандони Амрико буданд. Ин ҳамлаи террористӣ баъд аз ҳамлаи 11-уми сентябри соли 2001 мудҳиштарин ҳамла дар ин шаҳр ба шумор мерафт. 

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва ё ДOИШ он замон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта, дар ҳафтаномаи “Ал-Анбоъ”, ки вобаста ба ин гурӯҳ аст, навишта буд, ки ронандаи мошини боркаш яке аз сарбозони “хилофат” аст.

Аммо вакилони мудофеи Сайфулло Саипов дар додгоҳ гуфтанд, ки ӯ ин ҳамларо бидуни дастури ДОИШ ба хотири “шаҳид” шудан анҷом додааст. Ва аммо мақомот аз манзили ӯ теъдоди зиёди адабиёти таблиғотии ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористиро пайдо карданд. Додситонӣ низ гуфт, ки ин зодаи Ӯзбекистон мехост бо анҷоми ҳамлаи пурсарусадо дар Ню-Йорктаваҷҷуҳи роҳбарони он созмони террористиро ба шахси худ ҷалб кунад ва ба саффи ДОИШ бипайвандад.

Худи Саипов дар ҷараёни мурофиааш баёнот надод, вале қаблан эътироф карда буд, ки таҳти таъсири таблиғоти ДОИШ даст ба ин ҳамлаи террористӣ задааст.

26 январи соли 2023 ҳайати мунсифа (суд присяжных)-и додгоҳи федералии Амрико Сайфулло Саиповро аз рӯи ҳамаи 28 банди парванда, аз ҷумла 8 мавриди куштор ва 12 мавриди сӯиқасд ба куштор гунаҳкор донист. Дар пайи ин ҳайъати мунсифа ин масъаларо баррасӣ карданд, ки оё Саипов ба қатл маҳкум шавад ё на? Азбаски аъзои жюри дар ин масъала ба иттифоқи назар даст наёфтанд, додгоҳ маҷбур шуд, ки Саиповро ба ҳабси умрбод маҳкум кунад, на ба қатл.

Ҳукми қатл дар аёлати Ню-Йорк дар 60 соли охир ягон бор содир ё иҷро нашудааст.  Бори охирин дар ин аёлат ҳукми қатл соли 1963 иҷро шуда буд.

Сайфулло Саипов  боқии умри худро дар маҳбаси федералии низомаш сангинтарини ADX Florence  дар аёлати Колорадо сипарӣ хоҳад кард.  Ҷоҳар Тсарнаеви чеченитабор, ки барои ташкили ҳамлаи террористӣ ба дави марафонӣ дар шаҳри Бостони Амрико дар моҳи апрели соли 2013 ба қатл маҳкум шуда буд, то ҳол дар ҳамин маҳбас дар Колорадо нигоҳ дошта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button