ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ ЯКБОРА 6 МОШИН ДАР ВАРЗОБ ВА ҲАЛОКАТИ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН ДАР ПАНҶАКЕНТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 12 марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд якбора 6 мошин бархӯрд кардаанд ва дар натиҷаи ин садама як нафар ҳалок гардида, дастикам 4 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин, шаҳрванди 37-солаи Афғонистон Руҳуллоҳ Муҳаммадӣ субҳи барвақти 13 март, соати 03:50 дар деҳаи Сӯфиён дар канори шаҳри Панҷакент бар асари ба як мошини дигар бархӯрдани мошинаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 12-уми марти соли 2023, тахминан соати 12:40, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес Атеко», Мансуров Абдухалил Абдуллаҳақович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Икромов Бахтиёр Кучкарович, бархӯрдааст.
Боз ӯ ба мошини тамғаи «Прадо», таҳти идораи ронанда, Яқубов Беҳруз Шарифҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе ва мошини тамғаи «Опел-Зефира», таҳти идораи ронанда, Нуралиев Фирдавс Сафарович, сокини ноҳияи Варзоб, ки ба самти вилояти Суғд ҳаракат карда истода буданд бармехӯрад, ки дар ин асно мошини тамғаи “Опел-Вектра» аз уҳдаи идораи ҳаракати мошин набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба мошини тамғаи «Опел-Астра», бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофирони дохили мошини тамғаи «Опел-Вектра», Ятимова Гулрафтор, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, Мадинабонуи Фарҳодҷонзода, соли таваллудаш 1998, Боқиева Осия, соли таваллудаш 2018, Қодирова Омина, соли таваллудаш 2022, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Мусофири дигари мошини тамғаи «Опел-Вектра» Холматов Фарҳодҷон Мухторович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин субҳи барвақти 13-уми марти соли 2023, тахминан соати 03:50, ронандаи мошини тамғаи «Муссо», Руҳуллоҳ Муҳаммадӣ, соли таваллудаш 1986, шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Суфиён муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», ки таҳти идораи сокини Панҷакент Қурбонов Абдулҳамид Абдуқаюмович, соли таваллудаш 1991, қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Муссо» Руҳуллоҳ М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button