ВидеоҲуқуқи инсон

ЖУРНАЛИСТ ХУРШЕД ФОЗИЛОВРО БА “ДАЪВАТҲО ЗИДДИ ДАВЛАТ” АЙБДОР МЕКУНАНД

Мақомоти амниятии шаҳри Панҷакент Хуршед Фозилов, журналисти муқими ин минтақаро ба бар асоси қисми дуюми моддаи 307, банди “7”  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонба даъвати оммавӣ барои бо рози зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ва Интернет айбдор кардаанд. Худи ӯ ин иттиҳомро бепоя номида, рад кардааст. Ин моддаи қонун дар Тоҷикистон аз тарафи мақомот дар парвандаҳои ангезаҳояшон сиёсӣ, бавижа ба зидди фаъолони ҷомиа, дигарандешон, мунтақидони ҳукумат ва журналистон зиёд истифода мешавад. Бино ба иттилои дарёфтӣ,  Хуршед Фозиловро, ки рӯзи 6 марти соли 2023 дастгир шуд,  рӯзи панҷшанбе, 9 март, баъди судури қарори додгоҳ дар мавриди интихоби ҳабси пешакӣ ҳамчун чораи пешгирӣ нисбат ба вай аз Панҷакент ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.

Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов, ки рӯзи якшанбе, 12 март, бародарашро  дар боздоштгоҳи Хуҷанд дар ҳузури вакили мудофеъ дидааст, рӯзи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бародарашро ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар медонанд, вале на худаш ва на пайвандон ин иттиҳомро қабул надоранд.

Ба гуфтаи Хушбахт Фозилов, “Хуршед аз саломатияш шикоят надошт. Осори шиканҷа ҳам дида намешуд, аммо лоғар шудааст”. Вай афзудааст, ки “мақомот Хуршедро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) муттаҳам кардаанд. Ҳоло вакили мудофеъ машғули ҳимояи ҳуқуқии бародарам аст.”

Ба Хуршед Фозилов бар асоси қисми дуюми моддаи 307 ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти амниятиии ш. Панҷакент, ки Хуршед Фозиловро як ҳафта қабл боздошт ва чунин айбномаеро ба зиддаш эълон кардаанд, то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12 март дар гуруҳҳои марбут ба “фермаи ҷавоб” дар Интернет як силсила иттиҳомоти подарҳаво ба зидди Хуршед Фозилов нашр шуд, ки баёнгари оғози як маъракаи густардае ба зидди ӯст. Нозирони умур мегӯянд, маъмулан мақомот вақте ба зидди кас далел надоранд ё далелҳояшон хеле сусту заиф аст, “фермаи ҷавоб”-ро ба кумак металабанд, то тавассути он шахсияти айбдоршавандаро бо туҳматҳои беасос беобрӯ кунанд.

Хуршед Фозилов 37 сол ва 3 фарзанд дошта, хатмкардаи Донишгоҳи миллист ва баъди чандин соли кор дар Маркази обуҳавосанҷии Панҷакент рӯ ба журналистика оварда, барои нашрияҳои марказии Тоҷикистон аз водии Зарафшон гузориш медод.

Боздошти Хуршед Фозилов дар ҳолест, ки соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 10 журналисту блогер дастгир ва ба муҳлати аз 7 то 19 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба ин далел Тоҷикистонро ҳатто “зиндони журналистон” унвон карда, чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки ҳамаи журналистони зиндониро озод ва таъқиби матбуоти мустақилро бас кунанд. Душанбе то ҳол ба ин талабҳо ягон посух надодааст.

Тоҷикистон дар рейтинги порсолаи сатҳи озодии матбуот дар байни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 152 қарор гирифт. Ба эҳтимоли ғолиб, дар рейтинги имсола, ки созмони “Хабарнигорони бидуни марз” маъмулан ҳар сол, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии озодии баён, 3 май нашр мекунад, мавқеи Тоҷикистон ба сабаби идомаи боздоштҳои журналистон боз ҳам хеле пойинтар хоҳад рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button