ВидеоИқтисодКоррупсия

МУДИРИ БОҒЧА ВА КОРМАНДИ БОНКИ “ИМОН” БА НОМИ 11 КАС 2,5 МЛН СОМОНӢ ҚАРЗ НАВИШТААНД

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13 марти соли 2023 аз анҷоми тафтиши пешакӣ, тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи мудири кӯдакистони №27 шаҳри Хуҷанд Мадинаҷон Раупова ва корманди бонки “Имон Интернешнл” Маликхӯҷа Раҳимбоев бо иттиҳоми бо истифода аз ваколат ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба номи 11  нафар гирифтани қарзҳои бонкӣ ба маблағи қариб 2,5 миллион сомонӣ хабар дод. Мадинаҷон Раупова ва Маликхӯҷа Раҳимбоев ҳарду бар асоси моддаҳои  246, қисми 3, банди “б” ва 340, қисми 2, бандҳои “а,б” ба тасарруфи қарзи бонк ба маблағи хеле бузург ва сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ва Раҳимбоев иловатан боз бар асоси моддаи 265 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба ғайриқонунӣ додани қарзи бонк айбдор мешаванд.

Бино ба шарҳи маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “мудири муассисаи томактабии №27 шаҳри Хуҷанд Раупова Мадинаҷон Абдулатифовна дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси қарзии ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» Раҳимбоев Маликхӯҷа Мӯминҷонович бо сӯиистифода аз ваколат бар хилофи дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон амал намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ба ному насаби 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона маблағи умумии 161 050 доллари ИМА ва 727 500 сомонӣ қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд.  Минбаъд номбурдагон маблағи зикршударо тасарруф намуда, ба манфиатҳои худ сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои худ ба ташкилоти қарзӣ зарари моддии махсусан калон расонидаанд”.

Ба Мадинаҷон Раупова ва Маликхӯҷа Раҳимбоев бар асоси қисми сеюми моддаи 246 барои тасарруфи қарзҳои бонкӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 68 сомонӣ, ё беш аз 6 доллар) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба ҳардуи онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 340 барои сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.  Маликхӯҷа Раҳимбоевро барои ғайриқонунӣ додани қарзҳои бонкӣ бар асоси моддаи 265 метавонанд иловатан ҳамчунин ба андозаи аз 250 то 547 нишондиҳанда ҷарима  банданд ваё то 3 сол ҳукми зиндон бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button