ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

ГУМОН НАДОШТАМ, КИ ДАР ТОҶИКИСТОН ГУРУСНАГӢ МЕКАШАМ… НОМАИ ЯК АМОНАТГУЗОРИ “ТОҶПРОМБОНК” БА ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мирзохӯҷа Самадов, яке аз амонатгузорони бонки ҳанӯз соли 2017 муфлис эълоншудаи “Тоҷпромбонк” рӯзи 13 марти соли 2023 бо ирсоли як номаи саркушода ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки бо гузашти 6 сол аз барҳам додани “Тоҷпромбонк” ӯ то ҳол натавонистааст, ки  пасандозҳои худро аз ин бонк пас бигирад.

Мирзохӯҷа Самадов аз президент хостааст, ки як комиссияи мустақил ташкил дода, фаъолияти ниҳодҳоеро, ки мебоист дар ин муддат аз ҳисоби фурӯши дороиҳо ва молу мулки “Тоҷпромбонк” пасандозҳои амонатгузорони ин бонкро баргардонанд тафтиш кунанд. Ӯ мутмаин аст, ки бисёре аз ин дороиҳо, ки мебоист барои пардохти амонатҳо сарф мешуданд, аз ҷониби бархе масъулони бевиҷдон ғорат шудаанд ва бархе ниҳодҳои давлатӣ манфиатдоранд, ки раванди барҳамдиҳии ин бонкро тӯл дода, аз ин ҳисоб фоида бигиранд. Мирзохӯҷа Самадов аз ҷумла ёдовар шудааст, ки раиси ҳабсшудаи Тоҷпромбонк Ҷамшед Зиёев барои пардохти пасандозҳои амонатгузорони ин бонк молу мулки худ ба маблағи 250 миллион сомониро ба мақомот супурда буд, ки барои рӯёндани пасандозҳои мардум кофӣ буд, вале мақомот Ҷамшед Зиёевро зиндонӣ карданд ва дигар маълум нашуд, ки сарнавишти ин молу мулки супурдаи вай чӣ шуд?

Мирзохӯҷа Самадов дар номааш ба президент менависад, ӯ мутмаин буд, ки “ҳеҷ гоҳ дар Ватанам азоб ва гуруснагиро намебинам”, вале … “дар ниҳоят ман бидуни ҳуқуқи конститутсионӣ мондам, дар пасттарин холат ҳуқуқи шаҳрвандии ман пурра поймол шуда истодааст, худро дилмонда, фиребхӯрда, дуздидашуда, ғоратшуда ҳис мекунам ва эҳтиёҷ ба ёрии  моддӣ ва молиявӣ дорам. Мани маъюб бо оилаам ва фарзандони ноболиғам дар муддати тӯлонӣ, яъне баъди дар соли 2017 маҷбурӣ муфлис шудани Тоҷпромбонк, рӯҳафтода шуда, азоб кашида истодаем ва гурусна ва қарздор шуда, зиндагиро бо машаққати зиёд пеш мебарем…”

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 ироаи кумакҳои давлатӣ барои наҷоти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро беҳуда дониста, ҳарду бонки буҳронзадаро барҳам дод. Дар ҳарду бонк аз ҳамон вақт мудирони махсус амал мекунанд. “Фононбонк” ҳанӯз дар поёни соли 2020 хабар дод, ки ҳисобу китобашро бо аксарияти мизоҷони худ анҷом додааст, вале даҳҳо тан аз онҳое, ки дар “Тоҷпромбонк” пул гузоштаанд, шикоят доранд, ки бо гузашти инак 6 сол аз замони барҳам додани ин бонк натавонистаанд пулҳои худро пас бигиранд.

Пасандозҳои  онҳоро дар ҳамон соли 2017 бо қурби 7,99 сомонӣ барои як доллар ба пули миллӣ баргардонданд, вале ҳатто бо ин вуҷуд низ ҳар моҳ аз бонк ба онҳо ҳамагӣ аз 500 то 1000 сомонӣ медиҳанду халос, ки ҳатто ба гузарондани рӯзгорашон намерасад.

Моҳи майи соли 2021 дар Тоҷикистон ду бонки бузургтарин “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” низ ба далели муфлисӣ барҳам дода шуданд. Бино ба иттилои расмии Бонки миллӣ, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31 декабри соли 2022 дар маҷмӯъ 64 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26  фонди қарзии хурд фаъолият мекарданд.

Дар зер матни пурраи номаи Мирзохӯҷа Самадов ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро нашр мекунем.

МАКТУБИ КУШОД

Ман амонатгузори Тоҷпромбонк, ба раҳмати тақдир мондаам ва касе аз роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мушкилии Тоҷпромбонк назар ва назорат намекунад, ба арзу додам намерасад.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар рохбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Аз Шумо  бо  эҳтиром хоҳиш мекунам вонамуд накунед, ки аз мушкилоти Точпромбонк хабар надоред…

Ман аз соли 2017 ба Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба дигар роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муфлисшавии маҷбурии Тоҷпромбонк ва баргардонидани амонатҳоям муроҷиат мекунам, аз он ҷумла:

ба Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озодаи Раҳмон,

ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ,

ба Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Ахмадзод,

ба Раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба Раиси Суди иқтисодии Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шаҳри Душанбе

ба рохбари Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва дигар ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муддати тӯлонӣ, яъне аз соли 2017 муроҷиат карда истодаам.

Аммо мутаассифона ҳеҷ аз яке раҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуръати посух додан ва ҳал кардани мушкилии як шаҳрванди оддии маъюби Тоҷикистонро надошт ва накард.

Мани маъюб, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба паёмҳои солонаи Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба даъват ба сармоягузорӣ ва пасандозҳо гӯш дода, дар бонкҳои ватанӣ ба хотири рушди иқтисоди Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи фарзандон ва умед аз зиндагии хуб, ба паёмҳои Шумо ман сидқан бовар карда ва то ҳол бовари дорам ба Шумо,  дар бонки ватании Тоҷпромбонк пасандозҳоямро амонат гузоштам.

Дар давоми дар сари қудрат будани Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ман умед аз зиндагии хуб кардам ва ман мутмаин будам, ки хеҷ гоҳ дар Ватанам азоб ва гуруснагиро намебинам ва ба бонкҳои ватанӣ бовар карда, амонатҳоямро дар Тоҷпромбонк гузоштам.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

Аммо дар ниҳоят ман бидуни ҳуқуқи конститутсионӣ мондам, дар пасттарин холат ҳуқуқи шаҳрвандии ман пурра поймол шуда истодааст, худро дилмонда, фиребхӯрда, дуздидашуда, ғоратшуда ҳис мекунам ва эҳтиёҷ ба ёрии  моддӣ ва молиявӣ дорам.

Мани маъюб бо оилаам ва фарзандони ноболиғам дар муддати тӯлонӣ, яъне баъди дар соли 2017 маҷбурӣ муфлис шудани Тоҷпромбонк рӯҳафтода шуда, азоб кашида истодаем ва гурусна ва қарздор шуда, зиндагиро бо машаққати зиёд пеш мебарем.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!

ба ғайр аз Шумо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман ба кӣ муроҷиат намоям?

Ба ташкилотҳои Хориҷӣ?

Ба роҳбарони давлатҳои хориҷӣ?

Ба кӣ арзу дод кунам?

Магар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни роҳбарони кишвар шахсияте ватандӯсти поквичдон, бо нангу ору номус пайдо намешавад, ки мушкилии як шаҳрванди оддии Тоҷикистонро, ки боз маъюб ҳам мебошад, ҳал кунад ва барои баргардонидани амонатҳоям аз Тоҷпромбонк кумак кунад?

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!

Ман боварии комил дорам, ки агар Шумо аз мушкилии Тоҷпромбонк ва мани маъюб хабардор шавед, мушкилии ман фавран ҳалли худро меёбад.

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки мансабдорони масъул ба мушкилии Тоҷпромбонк хеле манфиатдоранд, вале ба барҳам додани Тоҷпромбонк ва баргардонидани амонатҳо ба амонатгузорони Тоҷпромбонк манфиатдор нестанд.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!

Ба Шумо як мисоли дигар пешниход менамоям:

Муфаттиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси Тоҷпромбонк Зиёев Ҷамшедро мебурд, бо сабабҳои ба мо номаълум дар рафти оғози парвандаи ҷиноятӣ ва тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисба ба Зиёев Ҷамшед, амонатгузорони Тоҷпромбонкро ҷабрдида эътироф накард, тамоман ба назар ва ба ҳисоб нагирифт.

Боз ба маълумоти Шумо мерасонам, ки Зиёев Ҷамшед, собиқ раиси Тоҷпромбонк, дар рафти тафтишот 11 амволашро, ки арзишашон 250 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба муфаттиши Прокуратураи генералӣ пешниҳод намуда, дар назди амонатгузорони Тоҷпромбонк ба ӯҳда гирифт, ки аз ҳисоби амволаш пасандозҳои амонатгузорони Тоҷпромбонкро бармегардонад.

Муфаттиш  ба суди ноҳияи Синои шахри Душанбе барои ҳабс гирифтани амволи Зиёев Ҷамшед дархост дод. Судяи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амволи пешниҳоднамудаи Зиёев Ҷамшедро бо карори муфаттиши прокурори Генералӣ дар ҳабси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузошт, вале то ҳол бо сабабҳои номаълум амволи ҳабсшуда ба моликияти Тоҷпромбонк нагузаштааст, то ки аз ҳисоби он амонатҳои пасандозгузоронро баргардонанд.

Бояд қайд намуд, ки бо тавсияи мунтазами муфаттиши Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди ноҳияи Синои шахри Душанбе, ман бо даъвои гражданӣ оиди рӯёнидани амонатҳоям аз ҳисоби моликияти Зиёев ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муроҷиат намудам ва умедвор будам, ки мушкилии чандсолаи ман ҳалли худро меёбад, аммо бо сабабҳои ба ман номаълум судя натавонист масъаларо ҳал кунад.

Баррасии парвандаи граждании ман дар суди нохияи Шохмансури шахри Душанбе тӯли 7 моҳ давом кард. Дар ин муддат судя ҳамагӣ ду мурофиа дар СИЗОи шаҳри Душанбе бо иштироки Зиёев Ҷамшед гузаронд ва дар охири мурофиа судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  аз аризаи даъвогии ман оиди нигаронидани рӯёниш аз моликияти ӯҳдадории дар назди амонатгузорони Тоҷпромбонкро Зиёев Ҷамшед собиқ раиси Тоҷпромбонкро рад намуд.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!

Агар як хел судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасодуфан ба Шумо пешниҳод менамоянд, мӯҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Шумо таъин менамоед ва судяҳо ин тавр рафтору кирдор намоянд ва мустақил набошад ва парвандаҳоро ноодилона  бинанд, ман боварии комил дорам,ки эътимод ба судяҳои Тоҷикистон аз даст меравад, хамчунин боварӣ ба адолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даст меравад.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!

Боз ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ҳеҷ фаҳмида намешавад, ки чаро  ин қадар судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Бонки миллӣ замони баргардондани амонатҳои амонатгузорони Тоҷпромбонкро беист тамдид менамояд ва амонатҳои моро аз Тоҷпромбонк кай бармегардонанд?

Ин маънои онро дорад, ки барои Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии шаҳри Душанбе, мудири махсуси Тоҷпромбонк ва дигар ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансабдорони манфиатдор фоидаовар ин аст, ки аз ҳисоби Тоҷпромбонки маҷбуран муфлисшуда маош ва фоидаи бисёр мегиранд.

То ба кай ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе амонатҳоямро нигоҳ медоранд ҳамчун гаравгон ва то ба кай муҳлати дарозкунии номуайяну бесамари беохири Тоҷпромбонкро давом медиҳанд?

Ҳеҷ кас аз роҳбарияти ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баргардонидани маблағи амонатгузорон манфиатдор нестанд.

Ин гуна барои тамоми системаи бонкӣ ва фаъолияти бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон нангин аст, эътимоди аҳолиро аз даст медиҳад ва ин шармандагӣ мебошад.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!

Аз ин лиҳоз аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш мекунам, ки як мониторинг ташкил диҳед ва гузаронед аз Палатаи ҳисоб аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва аз дигар ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи мустақили экспертӣ ташкил кунед,  аз рӯзи муфлиси маҷбурӣ эътироф намудани Тоҷпромбонк, нисбат ба чӣ гуна ғорат шудани дороиҳо ва  молу мулки Тоҷпромбонк тафтиши ҳаматарафа гузаронед.

Боз хоҳиш мекунам аз Шумо нисбат ба шахсоне, ки аз мавқеи хизматӣ сӯиистифода мебаранд, чораҳои қонунии мушаххаси зарурӣ  ва ҷиддӣ бароред ва ба мани маъюб мусоидат карда,  пасандозҳоямро аз Тоҷпромбонк баргардонед.

Бо умеди калон ва бо камоли эҳтиром ба Шумо, мӯҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,

Самадов Мирзохӯҷа Назирхӯҷаевич

13.03.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button