ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

МО РАҲГУЗАРЕМУ ҶАҲОН КОСАИ ДАВР АСТ… ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ МАРДУМӢ ТОШПӮЛОДИ ФАРОБӢ (ВИДЕО)

Тошпӯлоди Фаробӣ, як сарояндаи таронаҳои мардумӣ дар Панҷакент  ва водии Зарафшон рӯзи 11 марти соли 2023 аз олам чашм пӯшид.

Тошпӯлоди Фаробӣ, ба гуфтаи наздиконаш, рӯзи шанбе, 11 март дар зодгоҳаш, ҷамоати Фароб дар канори шаҳри Панҷакент ба зиндагӣ падруд гуфт. Дар бораи иллати марги овозхон иттилое дода нашудааст, вале се моҳ пеш дар муаррифии як таронааш гуфта мешуд, ки Тошпӯлоди Фаробӣ тоза аз бистари беморӣ бархоста, ин таронаро бо номи “Маро аз оташи дӯзах нигаҳ дор” хондааст. Дар ин тарона ӯ пеши Худованд тавба мекунад, ки умрашро барои қироати Қуръону дигар корҳои нек сарф накард ва ҳоло аз ин изҳори пушаймонӣ мекунад ва умед ба Худованд мебандад, ки ӯи гунаҳкорро аз оташи дӯзах нигаҳ хоҳад дошт.

Ду сол пеш ин ҳунарманди мардумӣ ҳамсарашро низ аз даст дода буд ва дар ҳаққи ҳамсараш чанд марсия сароида буд.

Тошпӯлоди Фаробӣ солҳои зиёде дар қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент кор кардааст ва дар тӯю сӯри мардуми Панҷакент ва дигар қисматҳои водии Зарафшон низ зиёд ҳунарнамоӣ мекард.

Тошпӯлоди Фаробӣ дар хондани таронаҳои классикӣ ва таронаҳои мазҳабӣ хеле забардаст буд ва аз ангуштшумор овозхонҳоест, ки дар бораи мушкилоти доғи мардум, аз ҷумла дар мавзӯи муҳоҷират таронаҳои зиёд мехонд. “Тешаи бедаста”, “Халқи тоҷик баҳри нон овора гашт дар шаҳри рус” ва “Аз Фароби мо сафар карданд чандин навҷавон” аз ҷумла машҳуртарин таронаҳоест, ки аз ин овозхони мардумӣ ба ёдгор монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Донандаи хуби забони форсӣ-тоҷикӣ Ҳасан Абдуғаффор гуяд:

    Умари Форруқ (р) халифа ё амир (президент) буд, ба худ мегуфт: “ай умар ҳар рӯз як мурда мешунавӣ, инро бидон, ки рӯзе хоҳанд гуфт, умар мурд”!
    (Эй Ҳасан ҳар рӯз дар нашрияи “бомдод” мехонӣ, ки фалонӣ мурд, рӯзе хоҳанд навишт, ки Ҳасан Холмуҳаммадзодаи Абдуғаффор аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мурд!).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button