Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОНЗАНРО ДАР ДУШАНБЕ ДАР ХОНАИ ХУДАШ ЛАТТУКӮБ ВА ҒОРАТ КАРДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 12.03.2023

Содир гардидани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби ҷавони 21-сола

018

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 31-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 5-уми марти соли 2023, тахминан соати 22:00, дар хонаи истиқоматиаш ҷавони 21-солаи сокини ҳамин ноҳия, ӯро 1 маротиба бо мушташ зада, маблағи 500 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани зани 44-сола бо ҷурми қаллобӣ

09c90532582f67c5b71027b09d86982f

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2022 дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт зани 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 312 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздӣ

101

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 17 ба 18-уми январи соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг” ва як ҷуфт гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2021, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо тариқи пинҳонӣ аз лаби дарёи Лучоби ноҳияи Варзоб 1-адад купруки оҳанинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 600 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳангоми тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 25 ва марди 31-солаи сокинони ноҳияи Зафаробод, муайян шуд, ки номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ охирҳои моҳи июли соли 2022, бо тариқи пинҳонӣ аз ҳудуди қитъаҳои заминҳои саҳроии деҳаи Уясии шаҳри Истаравшан, аз хатҳои интиқоли барқии муваққатан истифоданашаванда 5 пояро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button