ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БА ШАХТАИ ЛИФТ АФТОД: МАРГИ ФОҶИАВИИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЯК СОХТМОН ДАР ПЕТЕРБУРГ

Як муҳоҷири 42-сола аз Тоҷикистон дар сохтмони як бинои истиқоматии нотамом дар шоҳроҳи Суздал (Суздальское шоссе) дар шимоли шаҳри Санкт-Петербурги Русия  ба шаътаи лифт афтода, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора нашрияи маҳаллии 78.РУ хабар дод.

Бино ба иттилои нашрия, ин ҳодисаи нохуш рӯзи шанбе, 11 марти соли 2023 дар бинои №18 дар шоҳроҳи Суздал рух дода, марди тоҷик ба эҳтимоли ғолиб аз қабати шашум ё ҳафтуми бино ба шахтаи лифт афтодааст. 78.РУ хабар дод, ки ҷасади муҳоҷири тоҷикро барои ташхис ба морг фиристодаанд ва барои муайян кардани тафсилоти ин ҳодисаи нохуш санҷиш идома дорад.

Шоҳроҳи Суздал дар шимоли шаҳри Санкт-Петербург, дар наздикии кӯли Суздали поён (Нижнее Суздальское озеро) ҷойгир шудааст. Дар солҳои охир дар ин минтақа сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва тиҷоратӣ авҷ гирифтааст.

Аз аввали моҳи марти соли ҷорӣ ин алакай дуюмин мавриди расонаишудаи марги фоҷиавии муҳоҷирони тоҷик дар сохтмонҳои Русия аст.

Тавре қаблан пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, нимаи дуюми рӯзи 6 марти соли 2023, соати 16:50, як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар сохтмоне дар кӯчаи Нижние Мнёвники дар ғарби шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба ҳалокат расид. Ин коргар, ки ҳамагӣ 25 сол дошт, аз баландӣ ба замин афтода, дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Исми ин ҷавон нашр нашудааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button