Ҳуқуқи инсон

ЭЪЛОНИ ИСМИ БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ ЛОҲУТӢ ДАР ПАСМАНЗАРИ ҲАБСИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК

Рӯзи 11 марти соли 2023 дар як ҷамъомад дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ доир шуд, аз Рӯзи матбуот ва 111-солагии таъсиси нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ таҷлил карданд. 11 март ба шарафи рӯзи нашри нахустин шумораи нашрияи “Бухорои шариф” дар санаи 11 марти соли 1912 ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 ба ин тараф таҷлил мешавад.

Дар ин ҷамъомади бахшида ба Рӯзи матбуот Иттифоқи журналистони Тоҷикистон исми барандагони имсолаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон кард.
Дар бахши матбуот ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ имсол ба  Далери Абдулло (Далер Мерганов), муовини сармуҳаррири “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон, ки ҳамзамон сухангӯи ширкати IRS низ ҳаст дода шуд.

Дар бахши телевизион ва радио ҷоизаи Лоҳутӣ имсол ба Карим Ҳайдар, сармуҳаррири ахбори русии “Телевизиони Тоҷикистон”, ки ба забони русӣ шеър ҳам менависад, тақдим гардид.

Ҳамчунин дар бахши пажуҳишҳои илмӣ ҷоизаи имсолаи Лоҳутӣ ба олими шинохта ва собиқ декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи таҳқиқоташ доир ба таърихи матбуот, ва ба Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ – раҳбари Академияи ВАО, собиқ декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, аз ҷумла гуруҳи “Ормонҳои миллӣ” –ро дар Фейсбук таъсис додааст, тақдим шуд.

Ҳамчунин, Улмас Эркаев(Ҷовид Аштӣ)  низ барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ шудааст.

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар дод, ки дар умум барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ 26 номзад пешбарӣ шуда буд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ барои журналистони ҷавон ба Амони Муҳаммад аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фарида Баротова аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ва  Нӯшервон Ашӯров аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд  ва ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев “Нашрияи муваффақи маҳаллӣ “ба нашрияи “Анвори дониш” супурда шуданд.

Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон имсол дар ҳоле таҷлил шуд, ки вазъи озодии матбуот дар ин кишвар нигаронкунанда боқӣ монда, тайи соли гузашта беш аз 10 журналисту блогери тоҷик маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд ва тоза чанд рӯз қабл аз иди матбуот мақомоти амниятӣ Хуршед Фозилов, хабарнигори муқими Панҷакентро ба ҳабс гирифтанд.

Созмонҳои ҳомии озодии матбуот ба далели ин саркӯбҳо ва зиндонӣ кардани журналистон Тоҷикистонро “зиндоне барои журналистон” меноманд ва дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар радифи давлатҳои саркӯбгари матбуоти мустақил ҷой гирифтааст.

Дар раддабандии порсолаи “Хабарнигорони бидуни марз” Тоҷикистон дар зинаи 152 қарор гирифт, вале зоҳиран дар раддабандии имсола, ки маъмулан дар арафаи Рӯзи озодии баён, 3 май нашр мешавад, ба далели зиндонӣ кардани беш аз 10 журналисту блогер мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ боз ҳам хеле пойинтар хоҳад рафт.

Мунтақидон мегӯянд, ин саркӯбҳо ҳама реша дар торафт танқиднопазир шудани мақомоти давлатии Тоҷикистон  дорад, зеро ин мақомот ба ҷуз аз тавсифу ситоиши натиҷаҳои будаву набудаи кори худ ягон навъ танқиду таҳлил ва тақризи фаъолиятҳои худро надоранд. Ба ин далел, журналистони тоҷик ба далелҳои амниятӣ тақрибан ба сурати саросарӣ даст ба худсонсурӣ мезананд ва аз инъикоси масоили манфӣ, ки метавонад ба мақомот хуш наояд, ҳадалимкон парҳез мекунанд.

Илова:

ИДИ МАТБУОТ!?

Чанд сол пеш яке аз рӯзноманигорҳои матраҳи тоҷик яку якбора аз ин касб дасту дил шуст ва дунболи пешаи наву, ба қавли худаш, “амнтар” рафт. Ва он ҳам дар рӯзҳое, ки дар нуқтаи авҷи шуҳрат ва эътироф қарор дошт. Вақте пурсидамаш, чаро чунин кардӣ? Гуфт: Рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон дар солҳои наздик касби хатарноке мешавад, бисёриҳо зиндон ё аз кишвар бадарға мешаванд, бояд илоҷи корамонро аз ҳоло биҷӯем…

Гузашти айём нишон дод, ки ҳақ бо ӯст.

Вазъи имрӯза матбуоти тоҷикро ҳамин шеъри Орзу Исоев хеле хуб бозгӯ мекунад, бахусус ин ду мисрааш ки мегӯяд:

Орзу, ҷоизаи гунгтарин гунг зи туст,

Зистан бо даҳани баста ҳунар нест магар?

Иди матбуот муборак?!

Васати ҳодиса асҳоби назар нест магар?

Ханда пайғоми хушовои шарар нест магар?

Эй намояндаи хушбовари ахбори умум,

Хабари марги гули ёс хабар нест магар?

Ҳаст як шаҳр ҳунар дар паси девор асир,

Аҷабо, роҳкушои баҷигар нест магар?

Чӣ касе баст раҳи чашма дар ин ташназамин?

Ба дарахтон амалаш айни зарар нест магар?

Хоксорӣ накун, эй хуб, дар ин кибрсаро,

Кафш, ҳар ҷо ки равӣ, дар паси дар нест магар?

Ҳайф, уфтод яке, бурд яке, мурд яке,

Мурдани замзамаи ишқ хатар нест магар?

Сухани харбузаву турбу каду куҳна шудаст,

Ҳарфпардози нав аз байни башар нест магар?

Орзу, ҷоизаи гунгтарин гунг зи туст,

Зистан бо даҳани баста ҳунар нест магар?

Орзу Исо

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Наттоқ, ровӣ, муҷрӣ, баранда, рӯзноманигор Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффор гуяд:

    Тақрибан 15-сол пеш 1-уми сентябр рӯзи дониш ва дарси сулҳ пахши мустақими суҳбатҳои эмомалӣ бо донишҷӯёнро гӯш медодам. Донишҷӯдухтаре суханронӣ кард, эмомалӣ аз ӯ пурсид дар кадом ихтисос таҳсил карда истодаӣ? Он донишҷӯ бо орзуву ҳавас ва ифтихор гуфт, дар риштаи журналистика таҳсил мекунам, эмомалӣ сарашро такон доду гуфт ягон касби соз интихоб накардӣ ва билофосила гуфт хай хуб аст, шоир мешавӣ, бад нест. Дар он шабу рӯз банда низ (Ҳасан) шавқу рағбат ба касби журналистикаро доштам, вале аз шарҳи эмомалӣ ба худ гуфтам: инҷо таги коса нимкоса аст. Мутаассифона, имрӯз дарк мекунам, ки огоҳтарин қишри ҷомеа ин аҳли қаламу матбуоту журналистика будаанд. Аз ин хотир буд, ки эмомалӣ гуфт ягон касби соз интихоб накардӣ, огоҳӣ дарди сари ҳукуматҳои худписанду худкома аст!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button