Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ХИТОЙ ЭРОНРО БО АРАБИСТОНИ САУДӢ ОШТӢ ДОД

Расонаҳои расмии Эрон ва Арабистони Саудӣ хабар доданд, ки ду кишвари рақиб дар арсаи Ховари Миёна (Шарқи наздик) баъди солиёни танишҳо  дар мавриди барқарор кардани робитаҳои дуҷонибаи дипломатӣ  ба тавофуқ расидаанд ва вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар ба зудӣ барои баррасии масъалаи фиристодани сафирони худ ба Теҳрону Риёз дидор хоҳанд кард. Тавре аз баёнияи нашркардаи тарафҳо бар меояд, ин тавофуқ бо миёнаравии Чин (Хитой) ба даст омадааст. Дар ин баёнияи сеҷониба , ки Эрону Саудӣ ва Чин нашр кардаанд, аз кӯшишҳои Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Хитой ва ҳам аз Ироқу ва Уммон барои ҳалли ихтилофот байни Эрон ва Саудӣ ситоиш шудааст.

Ҳамчунин дар ин баёния омадааст, ки “дар натиҷаи гуфтушунидҳои анҷомшуда Эрон ва  Арабистони Саудӣ тавофуқ карданд,  дар байни ҳадди аксар ду моҳ, равобити дипломатии худро аз сар гирифта ва сафоратхонаҳо ва намояндагиҳоро бозгушоӣ кунанд”.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён_ вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки “бозгашти равобити табиӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ ба эҷоди зарфиятҳои бузурге барои ду кишвар мунҷар хоҳад шуд”.

Шоҳзода Файсал Бин-Фарҳон, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи “Ал-Ҳадас” гуфтааст, ки “ин тавофуқи сиёсӣ натиҷаи ду соли музокира аст”.

Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Фаронса, Русия, Туркия, Баҳрайн, Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Сурия аз ин тавофуқи Эрон ва Арабистон истиқбол намуда, онро қадаме барои бозгашти оромиш ба минтақаи Шарқи наздик донистаанд.

Аз ҷумла дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки “азбаски ҳам Арабистон ва ҳам Эрон аз нуфузи зиёде  дар минтақаи Ховари миёна бархӯрдоранд, азсаргирии равобити дуҷонибаи дипломатии онҳо метавонанд ба суботи минтақа кӯмаки калоне кунад”. Сухангӯи Кохи сафед низ гуфт, “Амрико аз ҳар гуна талош барои поён додан ба ҷанг дар Яман истиқбол мекунад”.

Вазорати корҳои хориҷии Фаронса бо истиқбол аз ин тавофуқ изҳори умедворӣ кардааст, ки акнун Эрон иқдомоти “бесуботкунандааш”-ро дар минтақа канор мегузорад.

Як мақоми баландпояи чирикиҳои қабилаи ҳусӣ, қабилае, ки таҳтии ҳимояти ҳарбии Эрон чандин сол боз дар Яман ба зидди ҳукумати он кишвар ва эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ меҷангад, низ аз ин тавофуқ истиқбол намуда, гуфтааст, “оддисозии равобити Эрон ва Арабистон барои бозгашти амният ба минтақа зарурӣ аст”. Вале бояд қайд кард, ки дар баёнияи сеҷониба, ки аз тарафи Чин, Эрон ва Арабистон имзо шудааст, дар мавриди ҷанги Яман чизе зикр нашудааст.

Сафоратхонаи Саудӣ дар Теҳрон 3 январи соли 2016 вақте баста шуд, ки онро тазоҳургарон ба нишони эътироз ба қатли Нимр Ал-Нимра, як рӯҳонии шиа аз ҷониби Саудӣ оташ заданд.

Ва аммо ин нахустин мавриди қатъи равобити дипломатии ду кишвар аз замони рӯи кор омадани режими исломӣ дар Эрон дар пайи инқилоби исломии соли 1979 набуд.

Соли 1987 дар мавсими Ҳаҷ ҳоҷиҳои эронӣ дар Макка ба бархӯрди сахти пулиси Саудӣ дучор шуданд ва наздик ба 400 ҳоҷии эронӣ  дар ҷараёни даргириҳо аз ҷониби пулиси Саудӣ кушта шуд. Дар ҷавоб дар Теҳрон низ мардум ба хиёбонҳо рехта, норозигии худро ба ҳукумати Арабистон баён доштанд ва дар охири рӯз сафоратхонаи Арабистони Саудиро талаву тороҷ намуданд. Саудӣ соли 1988 сафоратхонаи худро дар Теҳрон  баст ва ҳамаи кормандони сафоратро бозпас хонд. Равобити дипломатии Риёз бо Теҳрон он вақт танҳо баъди се сол барқарор карда шуд.

Вале ин дафъа ба ду кишвар танҳо баъди 7 сол муяссар шуд, ки равобити дуҷонибаи дипломатии худро дигарбора ба роҳ монанд.

Дар Ғарб режими ҳокими Эронро ба кӯшишҳои ба ҳам задани субот дар Ховари Миёна, аз ҷумла ба пуштибонӣ аз режими Башор Асад дар Сурия ва чирикиҳо аз қабилаи ҳусиҳо дар Яман айбдор мекунанд. Ҳамин тавр, Исроил низ Эронро як хатари бузург ба амнияти худ ва минтақа меномад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Муҳаққиқи дину мазҳаб Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзодп гуяд:

    Ҷиҳати беҳтар шинохтани низоми ҳоким бар эрон ва рӯҳоният дар ин кишвар ҷо дорад, ки барномаҳои шабакаи форсии “тавҳид” бо иҷрои Доктор абдураҳими муллозодаро тамошо бикунем. Доктор муфассал бидуни парда ба қавли эронӣ “қашанг” шарҳу тавзиҳ медиҳад, ки низоми “офатуллоҳҳо” (охундҳо) ҳеч рабте ба исломи муҳаммадӣ надорад.

  2. Эроншинос Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффор гуяд:

    Амрико ва исроил эронро хатари бузурги ховари миёна ҷилва медиҳанд, арабистон бо ин оштӣ нишон медиҳад, ки дӯстӣ, ҳамкорӣ ва оштӣ бо як “хатар” беҳтар аз душманӣ ва қатъи равобит бо он аст. Душманӣ бо “хатар” зарари бештар хоҳад дошт, Арабистон думболи зарар нест. Эрон 20-миллион суннӣ дорад, хатти форсӣ бар асоси алифбои арабӣ тарроҳӣ шудааст, эронро умари араб мусалмон кард, муштаракоти зиёди таърихӣ аҷаму арабро мепайвандад. Имрӯз эрон дар ақидаи динӣ мушкил дорад, аммо дар мавориди дигар…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button