Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУ ХОҲАР ДАР ДУШАНБЕ ЗЕРИ ЧАРХИ “ДУЛАН” МОНДАНД. ЯКЕ ҲАЛОК ШУД, ДУЮМӢ – ДАР БЕМОРИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар ду садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ боз ду нафар ба ҳалокат расидаанд: як марди 53-сола аз Истаравшан дар ноҳияи Спитамен дар ҳолати дар канори роҳ хоб буданаш зери чархи мошини “Жигули” монда, дар ҳамон ҷои ҳодиса ҷон додааст ва дар Душанбе ду хоҳари яке 18 ва дуюмӣ 15-сола зери чархи мошини боркаши “Дулан” мондаанд. Хоҳари хурдӣ дар бемористон фавтидааст.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 8-уми марти соли 2023, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ 21015», Аминов Зокирҷон Аминович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Спитамен қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, Ҷуманазаров Ҳасан Шодмонович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Истаравшанро, ки дар шафати рости роҳ дар ҳолати хоб қарор дошт, пахш намудааст. Дар натиҷа, Ҷуманазаров Ҳ.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 9-уми марти соли 2023, тахминан соати 14:30, ронандаи мошини боркаши тамғаи «Дулан», Якубов Хуршед Ҷӯрақулович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Зафар ба самти кӯчаи И.Сомонии пойтахт, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба болои хатти танзимшаванда пиёдагардон ҳаракат карда, пиёдагардони ноболиғ Назарова Ҳусноро Сафаралиевна, соли таваллудаш 2008 ва Назарова Фариза Сафаралиевна, соли таваллудаш 2005, сокинони пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ҳарду хоҳар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда Якубов Х.Ҷ. ба беморхона оварда шуданд. Вале, мутаассифона, пас аз 5 соат ноболиғ Назарова Ҳусноро дар бемористон ҷон додааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо санҷиш идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button