Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ВАҲДАТ ЯК НАВРАСИ 15-СОЛА ТАҒОИ ХУДАШРО КОРД ЗАДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 11.03.2023

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар аснои ҷанҷол

003

10-уми марти соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, дар аснои ҷанҷол тағояш, марди 49-соли сокини ҳамон шаҳрро бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида мутобиқи маълумотномаи пешниҳоднамудаи беморхона ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли захми халидаю бурандаи ковокии шикам ва хунравии дохила, ки боиси вазнин шудани вазъи саломатиаш мебошад, бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

089

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми марти соли 2023, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозааш, 6 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Номбурда, аз моҳи феврал то 8-уми марти соли 2023 аз мағозаи марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур 20-адад маҳсулоти хӯроквории гӯштӣ (консерва)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 970 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани нафарони кирдори қаллобӣ содир намуда

12

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 26-уми октябри соли 2022, дар кӯчаи Айнии пойтахт, бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-ро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, дар ин бора ба ҷабрдида забонхат навишта, ваъда додааст, ки дар муддати 1 моҳ маблағи автомашинаи мазкурро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда 1-уми ноябри соли 2022, автомашинаи мазкурро ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағро барнагардонида ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 49 сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи умумии 147 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи бадастовардаашро ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қими 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мардони 47 ва 32-солаи сокинони шаҳри Истаравшан оғоз карда шудааст.
Номбуhдагон, санаи 9-уми июни соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан 8 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааyl.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button