ВидеоДин ва боварҳо

ЯК ЗАН АЗ КӮЧАИ ҚАРОБОЕВИ ДУШАНБЕ БА ФОЛБИНӢ ВА СЕҲРУ ҶОДУ АЙБДОР МЕШАВАД (АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 10 марти соли 2023 дар бораи боздошти зане хабар дод, ки дар манзилаш дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахти Тоҷикистон ба фолбинию ҷодугарӣ ва хунгирӣ бо усули ҳиҷома машғул будааст.

Дар иттилоия гуфта мшавад, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, мутаассифона боз ҳастанд нафароне, ки дидаву дониста даст ба фолбиниву ҷодугарӣ мезананд.
  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани санҷиш, шаҳрванд Қосимова Ҳалима Азимқуловна соли таваллудаш 23.05.1962, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоевро бо гумони машғул шудан ба сеҳргариву ҷодугарӣ дастгир намуданд.
Худи зани дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсияи Душанбе гуфт, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда муддатест дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, ҳамзамон дар муҳити ғайрисанитарӣ ба хунгирӣ (ҳиҷома) низ машғул будааст. “Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳргариву фолбинӣ истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд”, гуфта мешавад дар иттилоия.
Милитсияи Душанбе меафзояд, “таассуфовараш он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам ба амалҳои мардумфиребонаи чунин афрод бовар намуда, бо мақсади амалӣ сохтани ҳар гуна нақшаҳои худ ба фолбину ҷодугарон муроҷиат намуда, боиси гарм нигоҳ доштани бозори коҳинон ва аз байн нарафтани ин амали номатлуб гардидаанд. Аз ҷумла, ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки 3-нафар шаҳрвандони кутоҳандеш барои иҷрои амалҳои фолбинӣ ба назди шаҳрванд Қосимова Ҳалима омадаанд. Номбурда дар асл ягон хел маълумоти тиббию динӣ надорад”.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Қосимова Ҳалима тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ин  банди қонун барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҳамчун ҷазо ба шахсони воқеӣ  ҷарима ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 68 сомонӣ) ва дар сурати такрори айни амал дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ  ба онҳо ҷарима ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин тараф фаъолияти фолбинҳоро қонунан манъ кардаанд. Аксари онҳо худро ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, бо ин васила ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Тақрибан ҳар ҳафта ВКД Тоҷикистон аз боздошти шаҳрвандоне хабар медиҳанд, ки дар ин ё он гӯшаи ҷумҳурӣ ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул мешаванд. Мақомот ин амали онҳоро авомфиребӣ меноманд, вале мардуми зиёде ҳамчунон ба фолбинҳо бовар дошта, барои ҳалли мушкилоти зиндагии худ ё табобати бемориҳояшон ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Номзад ба мақоми президент Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Ба назари банда, Ҳукумати Тоҷикистон халқи тоҷикро сеҳру ҷоду карда, дасту пояшро бастааст. Мо дар тақдири худ ҳеч нақше надорем, ҳукумат таъину тайид мекунад. Дасту пои мо барои ғуломӣ, хидмат ва муҳоҷират боз аст. Сукут дар баробари ботил чӣ ихтиёрӣ бошад, чӣ маҷбурӣ, чӣ аз тарс аз нигоҳи дин ҳаром ва аз нигоҳи дунё ҷиноят аст. Дар сӣ соли охир ягон бор хиёбонҳои Душанберо пур аз эътироз надидам, ба ҷуз андаке “тухмпошӣ” пушти дари бастаи ОБСЕ ва сафорати Эрон дар Душанбе…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button