ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ТОЙОТА-КОРОЛЛА” БО “BMW-520” ДАР ДАНҒАРА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 8-уми марти соли 2023, тахминан соати 12:10-дақиқа, дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Кулатов Искандар Юсуфҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “BMW-520”, таҳти идораи ронанда Самандар Нурзода, соли таваллудаш 1989, сокини ҳамин ноҳия, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла” Суфиев Саймуъмин Мирзомиддинович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Кулатов И.Ю. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button