ҶАВОНЗАНИ 27-СОЛА КИСАИ МАРДИ 70-СОЛАИ МЕҲМОНАШРО ХОЛӢ КАРД…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 10.03.2023
Дастгир гардидани ҷавони 24-сола ва ғоратгарони ноболиғ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми феврали соли 2023, тахминан соатҳои 18:00, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт қарор доштанаш ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 200-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 8-уми марти соли 2023, тахминан соати 11:10-дақиқа, дар боғи марказӣ, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри мазкур шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 720 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ноболиғи 16-солаи сокинони ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Бо роҳи фиреб аз худ намудани истироҳатгоҳ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2019 марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ истироҳатгоҳ, воқеъ дар шаҳри Ҳисорро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, то ҳол маблағашро пардохт накардааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ба даст афтодани зани 27-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Темурмалик аризаи марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи Шарҳритус бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 28-уми феврали соли 2023, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа, марди 70-солаи сокини ноҳияи Фархорро ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, аз ҷайбаш 3500 сомонӣ, шиносномаи миллӣ ва 1-адад корти ширкати “Душанбе-сити”, ки дар дохили корт маблағи 6500 сомонӣ мавҷуд будааст, тариқи пинҳонӣ тасарруф намудааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.