ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатЧеҳраҳо

БА ДАВРИ СЕЮМ: СӢ ҶИНПИНГ НИЗ МИСЛИ ПУТИН АЗ ҲОКИМОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ РОҲИ ТАМДИДИ ЗАМОНИ РАЁСАТАШРО ЁД ГИРИФТ (ВИДЕО)

Вакилони Маҷлиси умумии вакилони халқи Хитой (Чин) рӯзи 10 марти соли 2023 якдилона Сӣ Ҷинпинги 70-соларо барои давраи сеюм раиси Ҷумҳурии халқии Хитой интихоб карданд. Дар овоздиҳии махфӣ 2952 вакил иштирок карда, ҳамаи онҳо ба Сӣ Ҷинпинг овоз додаанд.

Сӣ Ҷинпинг ҳамзамон раиси Шӯрои марказии ҳарбии Хитой интихоб гардид ва вакилон дар Қонуни асосии ин кишвар дар баробари Мао Тзедун ва Дэн Сяопин исми Сӣ Ҷинпингро низ бо банди алоҳидае дар бораи “ғояҳои раҳбару раҳнамои Сӣ Ҷинпинг дар шароити сотсиализми вижаи Хитой” ворид карданд.

Сӣ Ҷинпинг ба ин тартиб дар таърихи Хитой нахустин нафаре шуд, ки бори сеюм роҳбари ин кишвар интихоб мешавад. Барои ин дар соли 2018 аз Қонуни асосии Хитой бандеро, ки ҳаққи раҳбарии як нафарро танҳо бо ду давра маҳдуд мекард, бардоштанд.

Ин маҳдудиятро дар вақташ Дэн Сяопин, муаллифи ислоҳоти таърихии Хитой дар солҳои 80уми асри гузашта ворид кард. Сяопин худаш ҳам аз даври сеюми раёсат даст кашид, то ки дар Хитой шароити тоқатфарсое, ки ба сабаби аз миёнаи солҳои 40 то соли 1976, беш аз 30 сол тӯл кашидани ҳукмронии Мао Тзедун ба вуҷуд омада буд, такрор нашавад. Даврони ҳукмронии Мао дар таърихи Хитой бо гуруснагии саросарӣ, аз лиҳози рушди иқтисодӣ ақиб уфтодани кишвар, таъқиботи саросарӣ, ки ба хусус дар солҳои ба ном “инқилоби фарҳангӣ” авҷ гирифт, нақш бастааст.

Бисёре аз нозирон ва нашрияҳо бо киноя менависанд, ки Сӣ Ҷинпинг мисли президенти Русия Владимир Путин аз ҳокимони Осиёи Марказӣ тарзи  тамдиди замони раёсаташ бо роҳи бар асоси хосту манфиатҳои худ тағйир додани Қонуни асосиро ёд гирифтааст.

Сӣ Ҷинпинг 15 июни соли 1953 дар Пекин ба дунё омадааст. Падари ӯ Сӣ Чжунсун аз ёрони Мао Тзедун ба шумор мерафт ва дар мақомҳои баланди Ҷумҳурии халқии Хитой кор мекард. Чжунсун солҳои 1959-1962 то ба мақоми муовини сарвазир расид, вале баъдан ба “сӯиқасд ба зидди давлат” айбдор гардида, аз Пекин ба вилояти Хенан бадарға шуд ва дар солҳои “инқилоби фарҳангӣ” ( аз соли 1966 то 1976) дар ҳабс қарор дошт. Писари ӯ Сӣ Ҷинпинг низ ҳамчун “фарзанди душмани халқ” таҳти таъқиб қарор гирифта, чанд сол дар як деҳа дар вилояти Шенси дар урдугоҳи ислоҳӣ дар бадтарин шароит ба сар бурд. Сӣ Ҷинпинг баъдан нақл карда буд, ки дар ноҳияи Янчуан дар як ғор зиндагӣ мекард, ки бистараш аз як кӯрпаи тунук дар рӯи хишт иборат буд ва барои қазои ҳоҷат аз як сатил истифода мебурду аз ҳамлаи кайкҳо амон надошт ва маҷбур буд корҳои вазнинро анҷом диҳад. Дар ибтидои солҳои 70 ба фарзандони мансабдорони ҳабсшуда иҷозати бозгашт ба Пекинро доданд ва Сӣ Ҷинпинг бо вуҷуди ҳанӯз дар маҳбас будани падараш тавонист соли 1974 ба узвияти Ҳизби коммунисти Хитой пайваста, соли 1975 ба риштаи кимиё ва фанновариҳои Донишгоҳи Синхуаи Пекин дохил шавад ва онро соли 1979 хатм кунад.

Дар ин байн Мао Тзедун вафот кард ва падари Сӣ аз зиндон озод шуда, дар ҳукумати Дэн Сяопин дигарбора ба мансабҳои баланд расид ва аз ҷумла раҳбари ташкили ҳизбӣ ва ҳамзамон волии вилояти Гуандун интихоб шуд.

Худи Сӣ Чинпинг солҳои зиде дар мақомҳои раҳбарӣ, аз ҷумла ба ҳайси волии чандин вилояти Хитой, бо шумули шаҳри бузургтарини Шанхай кор карда, соли 2002 узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Хитой интихоб шуд ва соли 2012, баъди анҷоми ду давраи мумкини раёсати Ҳу Зинтао, раҳбари нави ҳам ҳизби коммунист ва ҳам тамоми давлат интихоб шуд.

Ӯ соли 2017 барои бори дуюм роҳбари Хитой  интихоб гардида, соли 2018 Қонуни асосиро тағйир дод, то ба давраи сеюми раёсат низ даст биёбад.

Сӣ Ҷинпинг дар аввали солҳои 80 ба Кэ Линлин, духтари сафири Хитой дар Британияи кабир Кэ Ҳуа издивоҷ кард, вале онҳо баъди чанде ҷудо шуданд ва Кэ Линлин ба Англия кӯчида рафт.

Сӣ Ҷинпинг соли 1987 ба овозхони шинохтаи хитоӣ Пэн Лиюан (соли таваллудаш 1962) издивоҷ кард. Пэн Лиюан сардори Академияи фарҳанг ва раҳбари собиқи ансамбли тарона ва рақси артиши Хитой буда, рутбааш генерал-майор аст. Ӯ овозхони ба ҳадде маъруфи таронаҳои мардумист, ки то замони ба мақоми раҳбари аввали Хитой расидани шавҳараш шуҳрати Пэн аз шуҳрати Сӣ Ҷинпинг хеле бештар шуморда мешуд. “Сӣ Ҷинпинг қаблан таваҷҷуҳи журналистонро ҳамчун шавҳари овозхони дар Хитой машҳур Пэн Лиюан ба худ ҷалб мекард”,— навишта буд дар як матлабаш дар бораи Сӣ Ҷинпинг дар соли 2007 маҷаллаи “Эксперт”.

Сӣ Ҷинпинг як духтар дорад бо номи Сӣ Минтзэ, ки соли 1992 ба дунё омада, бино ба бархе хабарҳо, бо як номи дигар даро донишгоҳи муътабари Ҳарварди Амрико таҳсил мекунад.

Хоҳарони Сӣ Ҷинпинг дар Канада ва Австралия ба сар мебаранд ва як бародараш – дар Ҳонгконг.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Диктатор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммапури Ҳамадонӣ гуяд:

    Ба ин назар розӣ нестам, ки сӣ ҷинпинг аз ҳокимони Осиёи Марказӣ чизе ёд гирифтааст, назари дигаре ҳаст, ки Чин ба эмомалӣ гуфтааст: аз мо қарз гирифтед, аз ҳукумат наравед, дарди сар эҷод накунед, бигузоред бо будани шумо ҳадафҳои стратегии мо дар Тоҷикистон бемамоният пиёда шаванд. Барои шинохтани ҳадафҳои стратегии Чин лутфан мусоҳибаи шоири ҳаҷвиясаро Қосимҷон Зарифиро дар ютюб бубинед. https://youtu.be/mP_Es1tRQyY

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button