ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ВАЗИРИ СОБИҚИ МУДОФИАИ ҚАЗОҚИСТОН БА 12 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Вазири собиқи мудофиаи Қазоқистон генерал-лейтенанти 57-сола Мурод (Мурат) Бектанов дар робита ба ҳодисаҳои хунини моҳи январи соли 2022, ки боиси ҳалокати беш аз 200 нафар шуд, ба 12 соли зиндон маҳкум гардид. Дар ин бора матбуоти давлатии Қазоқистон рӯзи 9 марти соли 2023 бо такя ба додгоҳи махсуси ҳарбии байниноҳиявии Остона хабар дод. Ин додгоҳ ҳанӯз рӯзи 24 феврали соли 2023 бо судури ҳукмаш генерал Бектановро бар асоси қисми сеюми моддаи 451 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон дар берун рафтан аз ҳадди салоҳияти мансабӣ гунаҳкор донистааст.

Додгоҳи ҳарбӣ  ба далели муҳри махфӣ доштани парвандааш дар бораи ҳукми Бектанов тафсилоти дигар надодааст. Парвандаи вазири собиқи мудофиаи Қазоқистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2022 барои баррасӣ ба додгоҳи ҳарбии Остона супурда шуда буд.

Мурод Бектанов моҳи августи соли 2021 ба мақоми вазири мудофиаи Қазоқистон таъйин шуда, алакай баъди 5 моҳи кор – рӯзи 19 январи соли 2022, дар пайи саркӯби эътирозҳои хунин дар кишвар, ки беш аз 200 кушта ба ҷо гузошт, аз мақомаш барканор ва дар аввали моҳи феврали соли 2022 боздошт шуд. Ӯро аввал дар иҷро накардани уҳдадориҳои хидматиаш гунаҳкор карданд, вале баъдан иттиҳоми зидди ӯ ба берун рафтан аз ҳадди салоҳият иваз карда шуд.

Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон моҳи январи соли 2023 дар гузоришаш пиромуни натиҷаҳои таҳқиқи ҳодисаҳои хунини январи соли 2022 гуфт, бино ба фарзияи тафтишот, Мурод Бектанов ба он айбдор мешавад, ки дар давраи вазъи фавқулоддаи аз ҷониби мақомот эълоншуда фармонҳои ғайриқонунӣ дода,  дар он рӯзҳои хатарнок чандин иншооти ҳарбии стратегии муҳимро бидуни ҳимоят гузоштааст.

Эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар ғарби Қазоқистон ба зидди боло рафтани нархи маводи сӯхт оғоз ёфта, баъди чанде қариб ҳамаи шаҳрҳои бузурги ин ҷумҳуриро фаро гирифтанд ва дар бархе шаҳрҳо гирдиҳамоиҳо ба ошӯбу даргириҳо бо нирӯҳои амниятӣ печид. Эътирозгарон дар чандин шаҳр ҳайкалҳои президенти қаблӣ Нурсултон Назарбоевро шикаста, шиорҳои сиёсӣ заданд ва идораои давлатӣ, аз ҷумла бинои ҳокимияти шаҳру вилояти АлмаАто ва қароргоҳи президент дар ин шаҳри бузургтарини Қазоқистонро оташ заданд. Мақомот дар саросари кишвар вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ (соати комендантӣ) ҷорӣ карда, аз ОДКБ ёрии ҳарбӣ хостанд ва нирӯҳои ин созмони таҳти нуфузи Маскав ба Қазоқистон фиристода шуданд.

Бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили бетартибиҳо чанд мансабдори баландпоя аз ҳалқаҳои наздик ба президенти қаблии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз ҷумла раиси Кумитаи амнияти миллӣ Карим Масимов бо ҳамаи муовинонаш ҳанӯз дар рӯзҳои идомаи эътирозҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

То эътирозҳои моҳи январ ҚосимЖомарт Тоқаев, ки соли 2019 аз ҷониби Назарбоев ҳамчун вориси курсии президентӣ интихоб гардид, фақат нақши “президенти намоишӣ”ро иҷро мекард ва дар асл кишварро аз паси парда ҳамчунон Назарбоев тавассути одамони содиқаш идора мекард. Баъди ин ҳодисаҳо Тоқаев тавонист билохира хеле аз одамони наздики Назарбоев, аз ҷумла хешовандони наздики ӯро аз арсаи сиёсиву иқтисодии Қазоқистон канор зада, худи Назарбоевро низ ба ҳошия биронад.

Тоқаев аз ҷумла Назарбоевро аз мақоми Елбасӣ ё Пешвои миллат маҳрум кард ва номи пойтахтро, ки ба шарафи Назарбоев Нур-Султон номаш карда буданд, дигарбора ба Остона иваз кард. Ҳамин тавр, Назарбоев, ки имсол ба синни 83 медарояд,  ҳамагӣ се сол баъди рафтанаш аз қудрат, аз ҳама имтиёзҳои барои худу хешовандони худ сохтааш маҳрум шуд ва ҳоло дар як кунҷи узлат дар хонааш дар Остона, ба қавли маъруф, “давлати пирӣ меронад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button