ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СУБҲИ 9 МАРТ БОЗ ДУ ЗАМИНЛАРЗА БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОНРО ТАКОН ДОД

Субҳи 9 марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон боз ду заминларзаи иқтидори ҳар кадомаш 4,5 балл рух додааст.

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи earthquaketrack.com, ки заминларзаҳои  рухдода дар саросари сайёраро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар доданд, ки заминларзаи аввал бо иқтидори 4,5 балл тибқи ҷадвали Рихтер дар 10 километр умқи замин соати 05:38 ба вақти Тоҷикистон рух дода, марказаш дар  84-километрии шимолуғарби Мурғоб ва тақрибан 50-километрии шарқи кӯли Сарез ҷойгир шуда буд. Заминларзаи дуюм низ бо иқтидори 4,5 балл як соат дертар, соати 6:30 ба вақти маҳаллӣ дар умқи 116 километр рух дода, , марказаш дар  54-километрии ғарби Мурғоб ва тақрибан 80-километрии шарқи кӯли Сарез ҷойгир шуда буд. Ин дафъа замин дар умқи 116 километр ларзидааст.

Нимаи дуюми рӯзи 8 март, соати  15:40 ба вақти маҳаллӣ як заминларзаи иқтидораш 4,2 балл дар 27-километрии шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рух дода буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ тасдиқ кард, ки субҳи 9 март, соати 06:36-и вақти маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза, ба гуфтаи зилзиланигорони тоҷик, дар 407- километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 45- километрии шимолу ғарби маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир будааст. Гуфта мешавад, замин дар умқи 116,2 километр ларзида, қувваи заминларза дар марказаш 4,5 баллро ташкил дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, бар асари заминларза талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар даҳаи охири моҳи гузашта – рӯзҳои 23 ва 28 феврал – дар наздикии кӯли Сарез 12 заминларзаи иқтидорашон аз 3,8 то 7,3 балл сабт шуда буд. Хушбахтона, он офатҳо низ ягон талафоту хисорот дар пай надошт.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як ҳафтаи охир 8 заминларза, дар як моҳи охир 35 заминларза ва дар як соли охир 222(!!!) заминларзаро сабт кардаанд. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи кишвар, дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт (Қаротегин) дар шарқи Тоҷикистон 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод, аксаран кӯдакон, ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Дар пайи заминларзаҳои пурқурбонию харобиовар дар Туркияву Сурия, ки дар аввали моҳи феврали соли 2023 боиси ҳалокати қариб 50 ҳазор нафар ва фурӯ рехтани садҳо бино, аз ҷумла биноҳои навбунёд гардид, бисёриҳо то куҷо ба чунин заминларзаҳо сахт тобовар будани хонаҳои бисёрқабатаи солҳои ахир сохташуда дар шаҳрҳои Тоҷикистонро зери шубҳа қарор доданд. Бо дарназардошти сатҳи коррупсия дар кишвар  кам касе ба ин итминони мақомот, ки мегуфтанд, биноҳои Тоҷикистон ба заминларзаи иқтидораш то 9 балл тобоваранд, бовар кард. Бисёриҳо аз ҷумла биноҳои сохтаи раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурро мисол меоварданд, ки бар хилофи оддитарин меъёрҳои шаҳрсозӣ  бо маҳсулоти пастсифат сохта шудаанд.

Дар пайи сарусадои зиёд дар ҷомиа Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон аз “комиссия оид ба омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бино ва иншоотҳои ба истифода додашуда дар давраи солҳои 2018-2022 ва сохтмонашон идомадошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд” таъсис дод.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ рӯзи 15 феврали соли 2023 дар мавриди таъсиси гуруҳи корӣ “ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид дар шаҳри Душанбе ва устувории воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрқабатаи ба истифода дода шуда ва сохтмонашон идомадоштаи пойтахт” амри вижае содир кардааст.

Ин комиссия бояд сифати сохтмонҳои аз соли 2018 ба ин тараф сохташуда ва сохтмонҳои нотамомро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, то 10 март дар бораи натиҷаи кори худ маълумотнома пешниҳод кунанд.  Аксари ин биноҳое, ки дубора таҳти санҷиш қарор мегиранд, аз ҷумла бисёре аз биноҳои сохтаи Бег Сабур, дар вақташ имзоҳои комиссияҳои қабулро ба даст овардаанд ва дар бисёраш алакай мардум зиндагӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button