ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ПЕШГИРӢ АЗ ИНТИҚОЛИ НОҚИЛҲОИ БАРҚӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН (5 АКС)

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9 марти соли 2023 бо нашри чанд акс хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 7 март дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд аз кӯшиши ба Қирғизистон интиқол додани ноқилҳои барқии истеҳсоли Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар чорчӯби як амалиёти зидди қочоқ як мошини рангаш сафеди тамғаи “Фольксваген Крафтер” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон С.М.С. манъ карда шуд. Дар ҷараёни тафтиш дар бордони ин мошин, ки аз ноҳияи марзии Лайлак ба дарунтари қаламрави  Қирғизистон ҳаракат дошт, ба маблағи беш аз 500 ҳазор сом ноқилҳои барқии истеҳсоли Тоҷикистонро пайдо кардаанд, ки ба таври қочоқӣ интиқол дода мешуд.

Кирдори зиддиқонунии С.М.С расман ҳуҷҷатгузорӣ шуда, мошини ӯро ҳамроҳи бораш ҳамчун далели шайъӣ гирифтаанд. Дар робита ин ҳодиса чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва инак қариб ду сол боз интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Чанде пеш ҷониби Тоҷикистон аз эҳтимоли дар рӯзҳои наздик боз шудани марзи байни ду кишвар хабар дод, вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон инро рад кард.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар беш аз 200  нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Муноқишаи аз ҳама хунин аз 16 то 18 сентябри соли 2022 рух дода, бо ҳудуди 140 куштаву беш аз 400 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button