ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛАИ ҒОРАТГАР БА ХОНАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ ВА 3 ДУЗДӢ ДАР БАЛҶУВОН, ФАЙЗОБОД ВА СИНО

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 09.03.2023

Боздошт гардидани марди қаблан судшуда бо ҷурми ғоратгарӣ

72

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми марти соли 2023, тахминан соати 04:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи ошкоро дохили хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Поко”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

78

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Балҷувон муроҷиат намудааст, ки 4-уми марти соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи хишт шуда, аз дохили ҷузвдонаш шиносномаи хориҷӣ, шиносномаи миллӣ ва 1 ҳазору 530 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 680 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 41-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод аризаи зани 64-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 5-уми марти соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш шуда, аз он ҷо маҳсулоти гуногуни хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду марди 35-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 39-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 23-юми феврали соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-А32”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button