ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

ПОЛКОВНИКЕ, КИ БО ПОРА БА ДАСТ АФТОД, ДОДАРИ ГЕНЕРАЛ ШЕРАЛӢ МУРОДЗОДА БУДААСТ

Чанд рӯз пеш расонаҳо дар бораи бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, ё қариб 15 ҳазор доллар ба даст афтодани полковник Нодир Муродзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари Тоҷикистон дар  вилояти Хатлон хабар доданд.

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Нодир Лайло Муродзода аз як авлоди пурнуфуз аз деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, маъруф ба авлоди Ҳоҷӣ Лайло буда, як бародараш дар гузашта корманди баландпояи Агентии мубориза бо коррупсияи Бобохон Муродов буда, бародари дигараш генерал-майор Шералӣ Лайло Муродзода қаблан муовини аввали сардори БДА ва чанд соли охир сардори муассисаи нақлиётии ВКД Тоҷикистон аст.

Полковник Нодир Муродзода, шаби ҷумъа, 10 феврали соли 2023 ҳамроҳи 4 зердасташ ҳангоми аз бародари як нафари муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир гирифтани 150 ҳазор сомонӣ пора дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон дастгир шуданд. Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, полковник Муродзодаро махсус шаби ҷумъа дастгир карданд, то ки хешу табор ва ҳомиёни пурнуфузаш дар рӯзҳои истироҳат барои халосии ӯ коре карда натавонанд ва “таға” ва воситаҳои дигари худро ба кор андохта натавонанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, бо ин вуҷуд баъди дастгир шудани полковник Муродзода чанд нафари, ба қавли худашон, “ҳалкунанда” ба пеши наздикони ӯ дар ноҳияи Данғара омада, пешниҳод кардаанд, ки метавонанд дар ивази 500 ҳазор, яъне ним миллион доллар қазияи ӯро бидуни кушодани парванда “дар ҷояш” ҳал ва ӯро озод кунанд. Вале наздикони полковники дастгиршуда гуфтаанд, ки чунин маблағ дар даст надоранд ва бигзор тибқи қонун ҷавоб гӯяд.

Ин ҳарфи Муродзодаҳо асос низ дошт, чунки Нодир Муродзода, ки қаблан дар Хадамоти гумрук ва Агентии мубориза бо коррупсия дар раёсатҳои мубориза контрабанда кор карда, баъдан сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Сарбанд шуд, ин мансаби ахири худро дар пайи як моҷарои марбут ба дастдарозӣ ба як духтар аз даст дод ва хешовандон он вақт ӯро базӯр аз ҷавобгарии ҷиноӣ халос карданд. Баъди он моҷаро Нодир Муродзода беш аз ду сол бекор монда буд ва тоза ахиран бо мусоидати бархе нафарони баландпоя сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири вилояти Хатлон таъйин шуда буд.

Хонаводаи Муродзодаҳо як хонаводаи пурнуфуз аз деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ба шумор рафта, аз ин оила як генерал ва ду полковник бархостаанд.

Бобохон Муродов солҳо сардори раёсати нақлиёт дар Агентии мубориза бо коррупсия буд ва баъди бознишаста шуданаш ба тиҷорат рӯ овард. Ӯ дар Душанбе чанд нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дошта, дар зодгоҳашон, деҳаи Пушинг ҳамроҳи бародарони худ хоҷагии деҳқоние бо номи “Ҳоҷӣ Лайло” таъсис додаанд, ки соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ зимни сафари кориаш ба ноҳияи Данғара аз ин хоҷагии деҳқонӣ боздид карда буд.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҳоҷӣ Лайло” дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара   23.05.2019

Аммо албатта, нафари аз ҳама баландпояе, ки аз ин оила бархостааст, генерал-майор Муродзода Шерхон Лайло, сардори муассисаи нақлиётӣ ё гаражи ВКД ҶТ аст.

Sherhon

Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Муассиса: Муродзода Шерхон Лайло – генерал-майори милитсия, таваллудаш 23 августи соли 1961, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 24 октябри соли 1984. 

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Ёрдамчии сардори гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯии полки роҳбаладии 88 ВКД ИҶШС, нозири минтақавии милитсияи ШҲТҶ ШКД ноҳияи Ҳамадонӣ, нозири минтақавии милитсияи ШҲТҶ ШКД ноҳияи Данғара, ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД ноҳияи Данғара, ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД ноҳияи Данғара, сардори шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД ноҳияи Данғара, ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ, ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии РВКД шаҳри Душанбе, муовини сардори шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии РВКД шаҳри Душанбе, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои махсусан муҳими ШКҶ РВКД шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи шиносномадиҳии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, нозири калони шуъбачаи бақайдгирӣ ва раводиди ШҲТҶ РВКД шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи бақайдгирӣ ва раводиди РВКД шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи ташкили кори раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сардори шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои РҲТҶ ВКД, сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, муовини сардори РБДА ВКД, муовини аввали сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муродзода Шерхон Лайло 19 апрели соли 2017 ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, адои вазифа намуда истодааст.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2013 бо ордени «Спитамен» дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Ёдовар мешавем, Нодир Муродзода, сардори Раёсати назорати давлатии маводи нашъаовари дар Хатлон рӯзи 10-уми феврал ҳамроҳ бо чор зердасташ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон боздошт шуданд.

Мақомот расман ҳодисаро шарҳ намедиҳанд, вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, полковник Муродзода дар тағйири парвандаи як кочоқбар ва гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 150 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор мешавад.

Назари Нодир Муродзода ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест. Парвандаи ӯ ва чанд зердасташро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулл таҳқиқ доранд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ гуфт, ки Нодир Муродзода дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ дар Хатлон як кочоқбарро боздошт мекунад ва тафтиши парвандаи онро бар душ мегирад, вале бар хилофи далелҳо талош мекунад, то ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо созад ё ҷурмашро камтар нишон диҳад.

Ҳоло Нодир Муродзода дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Айбе, ки нисбат ба ӯ эълон шудааст, аз 94 ҳазор сомонӣ то беш аз 140 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Маъмулан дар Тоҷикистон аксари мансабдорони боздоштшуда бо супурдани ҷарима аз ҷавобгарӣ раҳо мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button