ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ДУХТАРИ ТОҶИКРО БАЪДИ ЯКУНИМ СОЛИ ГУМ ШУДАНАШ ЁФТА, БА ПАДАРУ МОДАРАШ СУПУРДААНД (АКС)

Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон рӯзи 7 марти соли 2023 дар Фейсбук хабар дод, ки “ноболиғ Алимардонова М.С пас аз яку ним соли бе ному нишон гум буданаш дарёфт карда шуда, ба волидайнаш супорида шуд!”

Раёсати кофтукови ҷиноятӣ (раҳбараш генерал-майор Шоҳрух Саидзода) дар бораи чӣ гуна гум шудани ин ноболиғ ягон тафсилоти дигар  надодааст. Ин ҳам маълум нест, ки дар муддати ин якуним соли ғайб заданаш ноболиғ Алимардонова М.С. дар куҷо қарор дошт, ба чӣ кор машғул буд ва аз кадом ҳисоб рӯзи худро пеш мебурд?

Хабари баъди якуним соли ёфт шудани ин духтари ноболиғро даҳҳо нафар садҳо нафар лайк гузошта, беш аз 100 нафар зери он шарҳи асосан мусбат навиштаанд ва наздики 90 нафар ин хабарро бознашр кардаанд.

Бисёриҳо ба мақомоти милитсия барои то охир бурдани ин қазия ва ёфтану ба волидонаш супурдани ин духтари ноболиғ офарин хонда, ба онҳо изҳори сипос кардаанд.

Масъалаи гум шудани ноболиғон, бахусус духтарони наврас дар Тоҷикистон як масъалаи хеле доғ аст. Тақрибан ҳар ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони гум шудани ягон кӯдак ё духтари ноболиғ нашр мешавад. Духтарони наврас маъмулан дар пайи ягон муноқишаи оилавӣ бо падару модар ва дигар аъзои хонаводаашон аз хона қаҳр карда, баромада мераванд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки духтарони наврас аз рад шудани хостгории ҷавони дӯстдоштааш қаҳр карда, аз хона мегурезанд. Мутаассифона, на дар ҳамаи ҳолатҳо, ин духтарон мисли Алимардонова М.С. ёфт шуда, ба пеши волидонашон бармегарданд.

https://www.facebook.com/groups/1037828543253728/posts/1835196803516894/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button