ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ДУ ПАРВАНДА БА ЗИДДИ ҶАВОНИ ТОҶИКЕ, КИ ДАР РУСИЯ БА ҲИМОЯТ АЗ ХОҲАРАШ БАРХОСТ (2 ВИДЕО)

Мақомоти Русия муноқишаи маишӣ байни хешовандони як духтарчаи хурдсоли тоҷик ва волидони кӯдаки русеро, ки ин духтари тоҷикро зада буд, воҳима карда, хеле калон кардаанд ва ба зидди ҷавони тоҷики 20-солае, ки ба ҳимоят аз хоҳари хурдсолаш бархоста буд, ду парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Парвандаи аввал баъди дахолати вакили Думаи давлатӣ Александр Хинштейн кушода шуд. Вале ба ин ҳам қаноат накарда, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо ақидаҳои зидди муҳоҷирон ном баровардааст, талаб кард, то дар робита ба ин қазия боз як парванда кушоянд ва дар бораи натиҷаи тафтишаш ба ӯ ҳисобот диҳанд.

Раёсати тафтишоти вилояти Самара рӯзи 6 марти соли 2023 хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти ноҳияи Кирови шаҳри Самара дар робита ба ин муноқишаи маоишӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҳамчунин аз пулис парвандаи ҷиноятии низ дар робита ба ҳамин қазия бар асоси қисми дуюми моддаи 112 бо иттиҳоми қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ аз сӯи гуруҳи шахсон кушодашударо низ талаб карда, ба дасти худ гирифтааст.

Худи ҷавони тоҷик ва наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, “рӯзи 22 феврали соли 2023, тарафҳои шом, як сокини 20-солаи маҳаллӣ, дар назди як бино дар кӯчаи Волжское шоссе дар шаҳри Самара нисбат ба як кӯдаки хурдсоли соли таваллудаш 2013 ва афроди дигар бо ин гумони иштибоҳӣ, ки гӯё ҳамин кӯдак хоҳари хурдии ӯ, соли таваллудаш 2012-ро латтукӯб кардаст, даст ба амалҳои авбошӣ зад”.

Аз маводи парвандаи ҷиноятӣ ҳамчунин бармеояд, ки ҳамон рӯзи 23 феврал “гумонбаршаванда ҳамроҳи чанд тан аз шиносҳояш ба сару рӯ ва бадани падари кӯдаки зикршуда чанд зарба задаанд. Як сокини он бино, ки аз роҳ мегузашт ва мехост пеши роҳи муноқишаро бигирад, низ мавриди латтукӯб аз тарафи гумонбаршавандагон қарор гирифтааст”.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҳамаи иштирокчиёни ин муноқишаро муайян карда, ба зидди яке аз онҳо – сокини 20-солаи Самара бар асоси қисми дуюми моддаи 213 ва қисми дуюми моддаи 112 бо иттиҳоми авбошӣ ва қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ парванда кушодаанд. Ҳоло масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ин ҷавони дастгиршуда ва кофтукови шарикони ӯ дар дасти баррасӣ қарор доштааст.

Нашрияҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ҷавони дастгиршуда аз Тоҷикистон буда, дар пайи латтукӯби хоҳари 11-солааш аз сӯи як писарбачаи 10-сола ба ҳимоят аз хоҳараш бархостааст.

Бино ба гузориши ТВ “Самара”, моҷаро аз муноқишаи хонандагони мактаб сар шуд: як гуруҳи бачаҳои маҳаллӣ як духтарак  аз оилаи муҳоҷирони тоҷикро латтукӯб кардаанд. Аз ин хабар ёфта, бародари духтар бо чанд шиносаш ба ҷои кори модари яке аз кӯдаконе, ки хоҳари онҳоро латтукӯб карда буд, омадааст. Ӯ падари он кӯдакро ба “разбор” даъват кардааст, вале баҳси онҳо ба занозанӣ печид. Як марди ҳамсоя, ки мехост пеши роҳи муноқишаро бигирад, низ латтукӯб шудааст ва дар натиҷа, ҳарду ба беморстон афтодаанд.

Модари он кӯдак Юлия Судакова дар Интернет сабтҳои видеоӣ аз маҳалли муноқишаро нашр карда, гуфт, ҳамлагарон гӯё писари ӯро ҳам аз курткааш кашидаанд ва танҳо баъди даъвати пулис аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Судакова пулисро ба беамалӣ айбдор кард.

Аммо тарафи дигар мегӯяд, ки падару модари он писарбача далелҳои онҳоро гӯш кардан нахостанд ва оилаи онҳоро таҳқир карданд. Дар пайи ин байни ду нафар занозанӣ шуд ва дигарон талош карданд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд.

Бовар меравад, ин муноқиша кирои гап надошт, агар вакили Дума Хинштейн ва раҳбари Кумитаи тафтишот Бастрикин ба далелҳои сирф сиёсӣ ба он дахолат намекарданд. Ин ду нафар бо мақсади гирифтани холи бештар муҳоҷирони тоҷикро ҳанӯз қабл аз шурӯи тафтиш дар ин моҷаро гунаҳкор эълон карданд…

Ба ҷавони тоҷик  бар асоси қисми дуюми моддаи 112 барои қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ то 5 соли зиндон ва бар асоси қисми дуюми моддаи 213 барои авбошӣ ҷарима ба маблағи то 1 миллион рубл, ё то 5 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 7 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button