
Нимаи дуюми рӯзи 6 марти соли 2023 як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар сохтмоне дар ғарби шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба ҳалокат расидааст. Ин коргар, ки ҳамагӣ 25 сол дошт, аз баландӣ ба замин афтода, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Нашрияи “МК”, чопи Маскав хабар дод, ки ин ҳодисаи нохуш соати 16:50 дар як сохтмон дар кӯчаи Нижние Мнёвники рух дода, коргари ҳалокшуда як ҷавони 25-сола аз Тоҷикистон будааст. Исми ин ҷавон нашр нашудааст.
Кӯчаи Нижние Мнёвники дар ноҳияи Хорошёво-Мнёвникии ҳвзаи Шимолу Ғарбии пойтахти Русия, дар байни пули Крилатское ва соҳили Карамишево, дар наздикии дарёи Маскав ҷойгир шуда, аз байни ҷазираи сунъие мегузарад, ки дар пайи бунёди истгоҳи оби Карамишево дар соли 1937 ба вуҷуд омадааст. Соли 2021 дар кӯчаи Нижние Мнёвники истгоҳи метрои “Мнёвники” кушода шуд, ки ба хатти Ҳалқаи бузурги метрои Маскав шомил мешавад.
Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.