ВидеоҲуқуқи инсон

ХАБАРНИГОРИ МУҚИМИ ПАНҶАКЕНТ ХУРШЕД ФОЗИЛОВ ДАСТГИР ШУДААСТ

Хуршед Фозилов, хабарнигори тоҷики муқими шаҳри Панҷакент, ки аз водии Зарафшон барои расонаҳои гуногун гузориш медод,  рӯзи 6 марти соли 2023 аз ҷониби мақомоти амниятӣ дастгир шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ ба чӣ айбдор мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия Плюс”, Хуршед Фозилов рӯзи 6 март, тақрибан соати 15:00-15:30, дар дохили бинои Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шудааст.

Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтаанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Хуршед Фозилов то моҳи январи соли ҷорӣ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва рӯзи 6 март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш ба ин идора омада будааст.

“Субҳи имрӯз, 7-уми март, боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд”, – гуфтааст як ҳамсуҳбати “Азия Плюс” дар идораи шуғли аҳолии Панҷакент.

Наздикони Хуршед Фозилов гуфтаанд, ки инак  як шабонарӯз боз ӯро наметавонанд пайдо кунанд, вале маълумот пайдо кардаанд, ки ӯ дар идораи амният аст.

 “Мо ба ҳамаи идораҳои қудратии шаҳр рафтем. Касе ҳарфи мушаххас намегӯяд. Тавассути чанд нафар фаҳмидем, ки дар идораи амнияти шаҳр аст. Вақте ба ин идора рафтем, тасдиқ карданд, ки Хуршед дар ин идора аст ва баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд”, – шарҳ додааст яке аз наздикони рӯзноманигор.

Дар давоми соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 10 блогеру журналист боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гардиданд.  Ин сабаб  шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистонро “кишвари зиндони журналистҳо” биноманд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот ҳукми журналистону блогерҳои зиндонишудаи тоҷикро ғайриодилона номида, чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ҳамаи журналистҳои боздошту зиндонишударо озод карда, таъқиби матбуотро бас кунад. Душанбе то кунун ба ин даъватҳо ягон посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button