ВидеоҲуқуқи инсон

ЖУРНАЛИСТИ ЗИНДОНӢ АБДУСАТТОР ПИРМУҲАММАДЗОДАРО БА МАҲБАСИ ХУҶАНД БУРДААНД

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисти зиндонишудаи тоҷикро барои адои ҳукмаш аз боздоштгоҳи Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд бурдаанд.

Бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода рӯзи 6-уми марти соли 2023 ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро рӯзи шанбе, 4-уми март, аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол доданд. “Ба пайвандон хабар доданд, ки ӯ бояд дувоздаҳ рӯз дар карантин истад,” – афзудааст Абдукарим Пирмуҳаммадзода.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “дар зиндони Хуҷанд будани Абдусаттор барои пайвандон, бахусус ҳамсару фарзандонаш сахт аст, зеро роҳ дур асту зуд-зуд хабар гирифта намешавад.”

Се журналисти дигаре, ки тақрибан ҳамзамон бо Пирмуҳаммадзода  ҳабс шуданд: Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ, ки мутаносибан ба 10, 7 солу 6 моҳ ва 7 соли зиндон маҳкум шудаанд, дар маҳбаси “Якум Советский” дар Душанбе адои ҳукм мекунанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 44 сол ва 4 фарзанд дошта, қаблан дар радио кор мекард. Номи ӯ моҳи ноябри соли 2020 замоне вирди забонҳо шуд, ки бо нашри як видео дар Рӯзи президент аз бедодгариҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ронандагони такси шикоят кард.

Пирмуҳаммадзода  дар аввали моҳи июли соли 2022, дар пайи нашри чанд муроҷиатнома бо талаби озодии журналистони мустақил Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки 15 июн ба ҳабс гирифта шуданд, аз ҷониби маъмурони УБОП дар манзилаш дар канори шаҳри Ваҳдат дастгир шуд. Маъмурони УБОП аз Ваҳдат баробари ӯ Завқибек Саидаминиро, ки ӯ ҳам бо талаби озодии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ садо баланд карда буд, дастгир карданд.

Аз ин чор нафар Далери Имомалӣ ба 10 сол, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода ба 7солӣ маҳкум шуданд. Мурофиаҳои ҳамаи онҳо дар бинои СИЗО пушти дарҳои баста ва бе иштироки аҳли ҷомиа ва журналистон доир шуданд.

Ҳукми Пирмуҳаммадзода аз ҳама охир, рӯзи 26-уми декабри соли 2022 аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эълон шуд.

То ҳол матни ҳукм ба наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дода нашудааст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) маҳкум ба зиндон шудааст. Худи Пирмуҳаммадзода дар сухани охиринаш бори дигар иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо бепояву беасос номида, рад кард. Ӯ қаблан гуфта буд, ки зери фишори шиканҷа маҷбур шуд, ки “иттиҳоми бофтаву сохтаи мақомотро ба дӯш бигирад”.

Ӯ ҳамчунин дар як нома аз СИЗО, ки моҳи октябри соли 2022 ба дасти расонаҳо расид, гуфта буд, ки ба мустақилияти додгоҳҳои Тоҷикистон бовар надорад ва хуб медонад, ки ҳукми ӯ ҳанӯз пеш аз боздошташ “дар долонҳои ҳукумат навишта шудааст”.

Дар умум соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 10 блогеру журналист ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гардиданд. Ин сабаб  шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистонро “кишвари зиндони журналистҳо” биноманд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот ҳукми журналистону блогерҳои зиндонишудаи тоҷикро ғайриодилона номида, чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ҳамаи журналистҳои боздошту зиндонишударо озод карда, таъқиби матбуотро бас кунад. Душанбе то кунун ба ин даъватҳо ягон посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button