ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ЯК “ВАЛЮТЧИК”-И БОЗОРИ “УЯЛӢ”-РО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ҶАРИМА БАСТАНД

Додгоҳи ноҳияи Хуросон бо ҳукми худ аз 8 феврали соли 2022 Саидаҳмад Сайдуллоевро, ки дар бозори “Уялӣ” ғайриқонунӣ нуқтаи табдили асъори хориҷӣ таъсис дода, ба харидуфурӯши асъори миллию хориҷӣ машғул буд, бар асоси қисми дуюми моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор шинохта, ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 13 600 сомонӣ ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 6 марти соли 2023 дар шарҳи ин парванда гуфт,  Сайдуллоев Саидаҳмад Абдухолиқович, бар хилофи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” амал намуда, дидаю дониста дар бозори “Уялӣ”-и ноҳияи Хуросон, нуқтаи ивази асъори хориҷӣ таъсис дода, ғайриқонунӣ бо хариду фурӯши асъори миллию хориҷӣ машғул шудааст”.

Худи “валютчик” барои шарҳи қазия дастрас нест, вале додситонӣ мегӯяд, Саидаҳмад Сайдуллоев 20 январи соли 2023 аз шаҳрванд “Х.А.” маблағи 3400 доллари ИМА гирифта, бо асъори миллӣ-сомонӣ бо қурби 10.30 сомонӣ иваз намуда, дар маҷмӯъ ба харидори шартӣ 35 ҳазору 20 сомонӣ додааст. Ӯро бо далели шайъӣ баъди аз “Х.А.” гирифтани маблағи 3400 доллар дастгир кардаанд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2015 фаъолияти нуқтаҳои хусусии саррофӣ ва саррофони инфиродиро манъ кардаанд. Инак чанд сол боз шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон метавонанд фақат дар бонкҳои расмӣ асъори худро ба пули тоҷикӣ иваз кунанд. Аммо муштариён мегӯянд, дар ҳоле ки бонкҳо аз харидорон доллару евроро бидуни маҳдудият мехаранд, пайдо кардани доллару евро барои харидан дар бонкҳои Тоҷикистон хеле мушкил аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button