ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АВБОШӢ БО БЕЛ ВА БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ РӮДАКӢ ВА ЯК ЗАН АЗ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 06.03.2023

Шикоят аз марди 36-сола барои авбошӣ

25

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми марти соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, ба наздаш марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия омада, бе ягон асос ба ӯ дарафтода, бо бели дар дасташ буда, ба сари ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

11h

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 43-солаи сокини ноҳияи Ёвон ворид гардидааст, ки 25-уми феврали соли 2023, тахминан соати 12:20-дақиқа, ҳангоми дар назди ҶДММ бозори “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 12-Про Макс”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 20-уми феврали соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, бо тариқи шикастани дар ба таҳхонаи амборхонаи марди 32-солаи сокини пойтахт даромада, аз он таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои сохтмонро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 32-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 25-уми феврали соли 2023 ҳангоми дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, дар хонаи ба иҷора гирифтаи марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз ҷайби курткааш 7 ҳазор сомонӣ ва 100 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button