ВарзишВидео

ПИРӮЗИИ БЕЧУНУЧАРОИ ЛОИҚ РАҶАБОВ ДАР НАХУСТИН НАБАРДАШ ДАР UFC БАР РАҚИБИ ТО ҲОЛ ШИКАСТНОПАЗИРАШ АЗ АРГЕНТИНА (ВИДЕО)

Шаби 5 марти соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико нахустин набарди разманди 32-солаи тоҷик Лоиқ Раҷабов дар UFC, мӯътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши ҷангҳои бидуни қоида (ММА) доир шуд. Лоиқ Раҷабов дар набарди нахустинаш бо размандаи 26-солаи аргентинӣ Эстабан Рибович, ки то ин набард 11 бор пирӯз шуда, ягон набардашро набохта буд, вориди рақобат шуд.

Лоиқ Раҷабов амалан дар тӯли ҳар се давраи рақобат бар рақибаш бартарӣ дошт, ҳарчанд дар даври дуюм як зарбаи сахтро ба ҷоғаш сар дод ва Рибович тавонист абрӯи Лоиқро ҳам дарронда, хуншор кунад, доварон якдилона пирӯзиро ба размандаи тоҷик доданд.

Лоиқ тавонист дар тӯли набард  ба 11 тейкдаун ноил шавад, ки барои дебютантҳои UFC рекорд аст. Гуфтанист, ки Лоиқ Раҷабов бидуни омодагии кофӣ ба майдон баромада буд. Дар бораи онки ӯ бояд шаби 5 март бо Рибович рақобат кунад, размандаи тоҷик ҳамагӣ як ҳафта пеш хабар ёфт.

Дар як ҳафтаи охир ин алакай дуюмин набарди размандагони тоҷик дар UFC буда, ҳарду набард ҳам бо пирӯзии намояндагони Тоҷикистон анҷом ёфтанд.

Шаби 26 феврал дар ҳамин Лас-Вегас Нурулло Алиеви 23-сола, нахустин тоҷикистоние, ки бо UFC қарордод баста буд, бо қарори низ якдилонаи доварон ғолиби набардаш бо Рафаэл Алвес аз Бразилия эълон карда шуд. Ин нахустин набарди размандагони зодаи Тоҷикистон дар ин лигаи муътабари ММА ва нахустин пирӯзии тоҷикистониҳо дар ин лига буд.

Гуфтанист, дар ҳоле ки Нурулло Алиев ва аъзои тими ӯ дар толор пирӯзиашонро ҷашн мегирифтанд, ғоратгарон мошини онҳоро дар тавқифгоҳи як меҳмонхона дар Лас-Вегас ғорат карда, асноду пулу либос ва васоили электронӣ, аз ҷумла телефону планшетҳояшонро ба яғмо бурданд. Нурулло нақл кардааст, ки ба ҷуз онки чӣ ки дар танашон боқӣ монда буд, дуздон дигар ҳама чизашонро бурдаанд.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990  дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, мактаби №77-ро дар шаҳри Душанбе ва сипас Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис ё инженери роҳҳои оҳан хатм кардааст.

Соли 2015 Лоиқ Раҷабов ба Олмон рафта, таҳти роҳбарии мураббии зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ҷиддан ба машқу тамрини муҳорибаҳои омехта пардохт. Ӯ дар Олмон 4 камарбанд ба даст оварда, соли 2019 бори аввал дар мусобиқоти лигаи PFL  иштирок кард ва то финали ин мусобиқот роҳ ёфт. Лоиқ Раҷабов оиладор аст ва се фарзанд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button