ВарзишВидео

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР “ТОСКӮЛОҲИ БУЗУРГИ ТОШКАНД” МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков рӯзи 4 марти соли 2023 дар рӯзи дуюми мусобиқоти байналмилалии гуштини дзюдо Tashkent Grand Slam -2023 дар пойтахти Ӯзбекистон дар ваҳни то 81 кило бо 4 пирӯзӣ ва як шикаст барандаи ҷои сеюм ва медали биринҷии ин мусобиқот шуд. Ӯ ҳамчунин аз ҷониби Федератсияи байналмилалии дзюдо 1500 евро ҷоиза низ гирифт.

Бино ба иттилои журналист Хилватшоҳ Маҳмуд, Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал як паҳлавони мисриро шикаст дода, баъдан варзишгари Украинаро аз “сари роҳаш” бардошт.

Сомон паҳлавон дар қисмати чаҳорякниҳоӣ (1/4 финал) бошад, гуштингири ӯзбек Шарофиддин Болтабоевро мағлуб карда, ба даври нимниҳоӣ баромад.

Дар даври нимниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков бо Шомил Борчашвили, ки 28 сол дошта, аслаш аз чеченҳои дараи Панкисии Гурҷистон аст ва аз Австрия намояндагӣ мекунад, вориди рақобат шуд. Мутаассифона, дар ин рақобат бахти паҳлавони тоҷик омад накард.

Сомон сипас талошашро барои нишони биринҷӣ идома дод ва аз қазо дар ин роҳ бо бародари Шомил Борчашвили – Вачид Борчашвили, ки ӯ ҳам аз Австрия намояндагӣ мекунад, дасту панҷа нарм кард. Ин дафъа Сомон ба рақибаш шанс надод ва бо маҳорати хос (вазари) ӯро  шикаст дод.

Дар ин мусобиқоти Tashkent Grand Slam -2023, ки аз 3 то 5 март дар Тошканд бо иштироки 364 варзишгар аз 48 кишвар доир мешаванд, Тоҷикистонро таҳти роҳбарии мураббии ҷопонӣ Тамура Тору 13 варзишгар: 11 мард ва 2 бону намояндагӣ мекунанд.  

Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дуюмин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти “Тоскӯлоҳи бузурги Тошканд” аст. Дар рӯзи аввали мусобиқаҳо Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило тавонист медали тилло ба даст биорад.

Мутаассифона, 7 паҳлавони дигари тоҷик натавонист дар Тошканд ба медалҳо ноил шаванд.

Рӯзи 5 март, дар рӯзи ниҳоии мусобиқоти Тошканд боз 4 паҳлавони тоҷик ба майдон мебароянд: -90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов,   -90 кг Комроншоҳи Устопириён,   +100 кг Иброҳим Элмуродов,   +100 кг Темур Раҳимов.

Ба онҳо дар ин мусобиқот барори кор орзу мекунем!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button