ИқтисодМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

МИЛЛЛИАРДЕРИ РУС ОЛЕГ ДЕРИПАСКА: АЗ СОЛИ 2024 ПУЛ ДАР РУСИЯ КАМЧИН ВА ПУЛКОРКУНӢ НОМУМКИН МЕШАВАД

Миллиардер ва олигархи рус Олег Дерипаска, ки робита ва дӯстии хеле наздик бо Путин дорад, рӯзи 2-юми марти соли 2023 дар ҳамоиши иқтисодии Красноярск  гуфт, “алакай сар аз соли 2024 дар Русия пул кор кардан ғайримумкин мешавад”. Ба гуфти ӯ, сабаби қашшоқӣ дар Русия ин аз бозори дохилӣ рафтани сармоягузорони хориҷӣ ва ҳамчунин ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аст, ки пас аз ҳамлаи Русия ба Украина бозори Русияро ба нишони эътироз тарк карданд.

“Ҳоло Русия барои пайдо кардани пул ба мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ гардидааст. Ин мушкилӣ, пояҳои иқтисод ва тиҷорати кишварро ба ларза даровардааст”, гуфт Дерипаска. Аз ин лиҳоз, Дерипаска барои ҳалли ин мушкилии иқтисодии пешомада, пешниҳод намуд, ки “ҳукумати Русия бояд барои ҷалби сармоягузон ба “кишварҳои дӯсти Русия” таваҷҷӯҳ зоҳир кунад”. 

Ӯ афзуд, бозори “кишварҳои дӯсти Русия” хеле  захираи бузурги молӣ дорад. Инчунин ин бозор дорои чоруним миллиард муштарӣ буда, метавонад роҳи  Русияро ба бозори кишварҳои Осиё  боз кунад”.

Вале дар идома Дерипаска боз ба калавандагии қонунгузории Русия ва вуҷуди коғазбозӣ (бюрократия) дар ин кишвар эрод гирифта, гуфт:То он даме, ки волоияти қонун дар кишвар  пойбарҷо набошаду раванди таҳлилкуниро барои сармоягузорон фароҳам наорад, касе вориди бозори Русия намешавад. Ҳар се моҳ як қонуни нав қабул кардану қоидаҳои бозорро бо вобаста ба мушкилоти пешомадаи нав ба нав иваз кардан моро ба ҷое намерасонад. Ин танҳо боис мегардад, ки сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ ба мо камтар бовар мекунанд ва на соҳибкорони дохилӣ ва на сармоягузорони хориҷӣ вориди бозор намешаванд. Агар сармоягузорону соҳибкорон вориди бозор нагарданд, пас  пул дар кишвар камчин мегардад.  Пул, ки камчин шуд, дар соли оянда тамоман бепул хоҳем монд”.

Ба гуфти ин миллиардери рус, “вазъи иқтисоди Русия хеле душвор ва пешгӯинашаванда буда, ҳадди ақал ин раванд то соли 2025 давом меёбад”.

Дерипаска ҳамчунин пешниҳод намуд, ки барои наҷоти иқтисоди рӯ ба нузули Русия “бояд дар Русия шумораи мансабдорон ва намояндагони сохторҳои қудратиро 2-3 маротиба кам намуд. Чун теъдоди феълии мансабдорон ва погондорон дар ҳолати кунунии иқтисоди зери таҳрими Русия, як сарбории ҷиддӣ аст”.

Бино ба навиштаи канали Baza дар Телеграм, ҳангоме, ки Дерипаска дар ин форум суханронӣ менамуд, волии Красноярск Александр Усс, ки дар паҳлӯи ӯ нишаста буд, дар ҷавоб ба суханони Дерипаска тасдиқ намудааст, ки ҳозир аст, шумораи мансабдорони зери дасташро ихтисор кунад. Ҳамзамон ин волӣ ба Дерипаска эрод гирифта гуфтааст, ки “чунин масъалаҳои нозукро дар малаи омм баррасӣ кардан ҳоҷат надошт”.

Соли гузашта низ Дерипаска дар форуми Красноярск аз ҷанги оғознамудаи Русия бар зидди Украина танқид намуда, гуфта буд, ки “бӯҳроне моро дар пеш аст, ки 3 баробар аз бӯҳрони соли 1998 вазнинтар ва ҷиддитар аст. Ман хеле мехоҳам сулҳ ба зудӣ  барқарор шавад”.

Вале пас аз ин нутқ, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Русия пахши мустақимро ‘қайчӣ” намуданд. 

Олег Дерипаска баъди чанд соат аз ин нутқи худ, ки дар санаи 3-юми марти соли 2022 карда буд,  дар каналаш дар Телеграммд навишт, ки “сулҳ хеле муҳим аст! Раванди музокираи сулҳро ба дарозо кашида, тӯлонӣ намудан як амри аҳмақона аст”.

Номи Олег Дерипаска замоне дар матбуоти Тоҷикистон роҳ ёфта буд, ки ширкати ӯ – “РусАл” дар соли 2014 дар як баҳси додгоҳӣ дар Швейтсария ба коршарики корхонаи алюминиюм ТАЛКО – СDH Investment – ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард. Вале пас аз муддате мушкилоти ширкати ба Дерипаска марбути “Созидание” бо ниҳодҳои андози Тоҷикистон сар зад. Он вақт меҳмонхонаи Hyatt Regency дар Душанбе ба ширкати “Созидание” буд ва табъан ба Олег Дерипаска, дӯсти  Владимир Путин, тааллуқ дошт.

Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Созидание”-ро барои “сарпечӣ аз пардохти андозҳо” ба маблағи беш аз 322 миллион сомонӣ айбдор намуда, ин ширкатро ба пардохти ин маблағи бузург муваззаф сохт. Талоши ин олигархи рус барои бекор кардани амри Кумитаи андоз дар додгоҳи иқтисодии Душанбе натиҷа надод. Додгоҳ моҳи майи соли 2014 баҳсро боз ҳам ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал намуд.

Гуфта мешавад, бо фишори Маскав ҳарду ҷониб ба мусолиҳа омаданд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 бо судури як қарор розигӣ дод, ки ба ивази оштии Талко ва Русал, корхонаи алюминиюми Тоҷикистон пардохти андозу ҷаримаҳои “Созидание”-ро ба дӯш мегирад.

Ҳамин гуна ду бинои Олег Дерипаска “Созидание” ва Hyatt Regency ба дасти Талко гузашт.

Моҳи сентябри соли 2021 тими Алексей Навалний, як мухолифи сарсахт ва ҳоло зиндонии Путин даряк таҳқиқоти журналистии худ фош намуд, ки Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия аз тайёраҳоии бизнескласси ин олигархи рус истифода мекунанд ва ҳамчунин Дерипаска Лавровро маблағгузорӣ низ мекунад. Дар иваз Лавров мавқеи Дерипаскаро дар хориҷ ҳимоя мекунад.

Дерипаска аз моҳи апрели соли 2018 таҳти таҳримҳо Амрико қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Исломшинос Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Пулкоркунӣ кам шавад, ҷиноят зиёд мешавад, аз ҷумла ғоратгарӣ, дӯздӣ, авбошӣ, макру найрангу фиребкорӣ, тӯҳмату бӯҳтону дурӯғ аз пеш дида бештар мешавад. Тоҷик тоҷикро ба хотири як рубл порра накунад, соз аст!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button