ВидеоҶомеа

ЯК СОЛ ҲУКМИ ШАРТИИ ЯК СОКИНИ ФАРХОР БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИДМАТИ ҲАРБӢ

Додгоҳи ноҳияи Фархор Маъруф Ғоибзода, сокини 19-солаи ин ноҳияро бар асоси қисми якуми моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар ҷурми саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ гунаҳкор шинохта, шартан ба як соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст. Аммо додгоҳ бар асоси қисми якуми моддаи 71 барои Ғоибзода як сол муҳлати санҷишӣ таъйин карда, иҷрои ҳукми ӯро ба таъхир андохтааст. Агар ин ҷавон дар давоми ин муҳлати санҷишӣ ягон қонуншиканӣ накунад, аз масъулияти як сол нишастан дар зиндон раҳо мешавад, вале доғи судӣ дар парвандааш боқӣ мемонад.

Худи ҷавони маҳкумшуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 марти соли 2023 дар шарҳи ин парванда гуфт, дар рафти гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ муайян карда шудааст, ки Ғоибзода Маъруф Қаюмҷон, санаи таваллудаш 9 марти соли 2003, сокини ноҳияи Фархор, дар қайди комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур қарор дошта, аз муоинаи тиббӣ гузашта буд ва солим ва қобили хизмати ҳарбӣ дониста шуда, санаи 28 октябри соли 2021 аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор ба Маъруф Ғоибзода дар мавриди ҳозир шудан ба ин комиссариати ҳарбӣ даъватнома ирсол кардаанд.

“Ғоибзода М.Қ. кормандони комиссариати ҳарбиро шинохта, даъватномаро қабул накарда, ба самти номаълум фирор намуда, қасдан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Прокурори ноҳияи Фархор нисбат ба Ғоибзода М.Қ. бар асоси қисми якуми моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода буд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои саркашӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда баробари 68 сомонӣ, ё чизе бештар аз 6 доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳамаи шаҳрвандони ҷинсашон марди синнашон аз 18 то 27 муваззафанд, ки дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ду сол хидмат кунанд. Ахиран барои онҳое, ки майли ду сол адо кардани хидмати ҳарбиро надоранд, шароит фароҳам оварданд, ки бо пардохти маблағи баробари 420 нишондиҳанда ( 28 ҳазору 560 сомонӣ) ҳамагӣ як моҳ ба сурати “экспресс” хидмат карда, билети ҳарбӣ ба даст биоранд.

Хабари ҳукми сокини Фархор барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дар ҳоле нашр шуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 март фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳро имзо кард. Тибқи ин фармон, моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ бояд ҷавонони солҳои таваллудашон 1996-2005, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ сафарбар гардида, онҳое, ки муҳлати хидмати ҳатмии ҳарбиашон ба поён расидааст, тайи ин ду моҳ аз хидмат ҷавоб дода шаванд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябру ноябр сурат мегирад. Ҳар мавсими даъват дар ҷумҳурӣ ҳамроҳ бо шикоятҳои зиёд дар бораи “облава”, яъне маҷбуран дар кӯчаю бозор ё аз хонаву ҷои дарсу корашон дошта, ба хидмат бурдани ҷавонон ҷараён мегирад. Аммо дар мавсими даъвати ахире, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли 2022 сурат гирифт, шикоятҳо аз “облава” хеле камтар буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button