ВарзишВидео

ПАҲЛАВОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ДАР “TASHKENT GRAND SLAM 2023” СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ШУД (ВИДЕО)

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавону хушноми тоҷик, шоми 3 марти соли 2023 дар даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии дзюдо Tashkent Grand Slam- 2023  дар вазни -66 кг Сардор Нуриллоев аз Ӯзбекистонро шикасст дода, соҳиби ҷои аввал, нишони тилло ва 5000 евро ҷоизаи ин мусобиқоти муътабар гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ дар даври аввали мусобиқа ҳарифаш Ҳаким Оғомамедов аз Туркманистонро мағлуб сохта, дар даври дуюм бо Бобур Вадҷиев  аз Ӯзбекистон дасту панҷа нарм кард ва дар ҷараёни як рақобати сахту сангин бо роҳи нафасгир кардан паҳлавони ӯзбекро низ шикаст дода, дар қисмати чорякниҳоӣ Валид Ҳюар аз Фаронса ба пушт хобонд.

Дар даври нимниҳоӣ (1/2 финал) боз як варзишгари дигари Ӯзбекистон Муҳриддин Тиловов ба муқобили Эмомалӣ ба майдон баромад, вале ӯ низ аз паҳлавони ҷавони тоҷик шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, Эмомалӣ Нуралӣ дар роҳи расидан ба пирӯзӣ дар Tashkent Grand Slam- 2023 се ҳарифаш аз тими мизбон, Ӯзбекистон, як нафар аз Туркманистон ва як паҳлавони дигар аз Фаронсаро шикаст дод. Ин нахустин пирӯзии ин паҳлавони ҷавони тоҷики ҳамагӣ 20-сола дар мусобиқаҳои муътабари байналмилалӣ аз силсилаи “Тоскӯлоҳи бузург” аст.

Эмомалии Нуралӣ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе буда, яке аз гуштингирони умедбахши Тоҷикистон ба шумор меравад.

Эмомалии Нуралӣ моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Гуайкилии кишвари Эквадор дар Амрикои ҷанубӣ чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо байни ҷавонон дар вазни -66 кг соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ин дастовард ба Эмомалии Нуралӣ як хонаи 2-ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим кард.

Дар мусобиқаи бонуфузи Tashkent Grand Slam-2023, ки  аз 3 то 5 март баргузор мегардад, 364 варзишгар аз 48 кишвар иштирок доранд. Аз ҷумла дастаи мунтахаби Ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти Тошканд дар ҳайати 13 варзишгар бо роҳбарии мураббии ҷопонӣ  Тамура Тору  иштирок менамоянд. Варзишгарон дар 8 вазн, 6 вазн мардҳо ва 2 вазн бонувон ҳунарнамоӣ мекунанд. 


Мардҳо:  -60 кг Муҳаммадсолеҳ Қуватов,  -66 кг Нуралӣ Эмомалӣ,  -66 кг Шаҳбоз Саидаброров,  -73 кг Беҳрузи Хоҷазода,  -73 кг Маҳмадшариф Наҷмиддинов,   -81 кг Сомон Маҳмадбеков,   -81 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилов,   -90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов,   -90 кг Комроншоҳи Устопириён,   +100 кг Иброҳим Элмуродов,   +100 кг Темур Раҳимов 

Бонувон:   -48 кг  Шукрона Қарчиева,   -57 кг Шоҳида Қаландарова.

Бино ба иттилои шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф, дар рӯзи аввали мусобиқа дар Тошканд боз чаҳор намояндаи Тоҷикистон рақобат карданд. Дар сабқати занон ду нафар – Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило ва Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кило, дар сабқати мардон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило дар даврҳои интихобӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Барномаи мусобиқа:

4-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

5-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button