ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ТОҶИКЕ, КИ ДАР РУСИЯ ПИСАРИ АММААШРО КУШТА БУД, ХУД ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Носир Сафаров, соли таваллудаш 1992, зодаи деҳаи Гузари Моғиёни ҷамоати Моғиён дар канори шаҳри Панҷакент, ки соли 2021 дар Русия барои қатли писари аммаи худаш Парвиз Саидмуродов ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар ҷанги Украина кушта шудааст. То имрӯз дар бораи кушта шудани ҳудуди 20 маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд, гузоришҳо ба даст расидаанд.

Ду манбаи алоҳидаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки Носир Сафаров дар маҳбаси “Бутирская” дар шаҳри Маскав адои ҳукм мекард ва тахминан моҳи октябри соли 2022 дар ивази ваъдаи афв ва озодӣ розӣ шудааст, ки бо ширкати хусусии ҷангии Вагнер қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина биравад. Ӯ баъди тақрибан се моҳи ҷангидан аз тарафи Русия моҳи январ дар ҷабҳаи Херсон кушта шудааст. Санаи дақиқи ҳалокати Носир Сафаров маълум нест, вале тобути ӯро рӯзи 5 феврал аз Русия ба Панҷакент оварда, дар Моғиён ба хок супурдаанд.

“Бомдод” ду сол пеш дар бораи моҷарои қатли писарамммаш аз дасти Носир Сафаров гузориш дода буд. Гуфта мешуд, ки рӯзи 25 июли соли 2021 дар шаҳри Обнински вилояти Калуга дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳо байни ду хешу табори наздик аз деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон муноқиша рух дод ва дарр ҷараёни муноқиша Носир Сафаров, соли таваллудаш 1992, ба қафаси синаи писари аммаш Парвиз Саидмуродов, соли таваллудаш 1987 як зарбаи корд зад. Мутаассифона, корд рост ба қалби Парвиз расид ва ӯ аз хунравии зиёд ба ҳалокат расид.

Парвиз Саидмуродов

Носир Сафаров оқибати кори кардаашро дида, аз ҷои ҳодиса рӯ ба фирор овард.  Пулис ӯро танҳо баъди чанд рӯзи ҷустуҷӯ дастгир кард.

Ба гуфтаи шоҳидон, соҳиби корхонае, ки Носир Сафаров ва Парвиз Саидмуродов кор мекарданд, аз қазо мошини “Газел”-ашро, ки бояд ба Носир медод, ба писари аммаи ӯ Парвиз додааст.

Ин ба Носир алам кардааст ва ӯ “ту маро дар назди шеф ганда кардӣ” гуфта, ба Парвиз ҳамла кардааст. Ҳамлаи фарҷомаш хунине ки зиндагии ду ҷавони тоҷикро ба ҳам зад: Парвизро аз зиндагӣ маҳрум кард ва Носирро ба зиндону аз онҷо ба ҷанги Украина бурд ва ӯ ҳам ҷавон аз дори дунё рафт…

То имрӯз дар бораи кушта шудани ҳудуди 20 маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд, гузоришҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳоро ширкати “Вагнер” бо ваъдаи афву озодии зуд ба ҷанг мебарад. Аммо агар то имрӯз асосан дар бораи ба ҷанг бурдани афроде сухан мерафт, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Русия зиндонӣ шуда буданд, ҷалби Носир Сафаров нишон медиҳад, ки “Вагнер” аз ҷалби ҷинояткороне, ки барои ҷиноятҳои сангине, чун куштор, зиндонӣ шудаанд, низ парҳез намекунад.

Модари Парвиз Саидмуродов, ки аммаи Носир Сафаров мешуд, ба дарди доғи марги фарзанди ҷавонаш тоб наовард ва ҳамагӣ чанд моҳ баъди Парвиз ӯ ҳам аз дунё рафт. Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, модари Парвиз барои марги фарзандаш бо волидони Носир, ки падараш бародари ӯ мешуд, аслан тую ман накард ва ҳатто гуфтааст, ки ба Русия рафта, аз даъвояш мегузарад. Модари Парвиз мегуфтааст, писари ӯ дигар барнамегардад, вале намехоҳад, ки бародараш ҳам мисли ӯ доғи ҷудоӣ аз фарзандро бикашад. Аз лиҳози ҳуқуқӣ, маълум нест, ки оё аз даъво гузаштани  модари ҷабрдида метавонист Носирро аз банди зиндон халос кунад, вале умр ба модари Парвиз фурсат надод, ки  ин нақшаи худро амалӣ бисозад.

Дар вилояти Маскав қабристони наверо ёфтанд, ки ба ширкати хусусии низомии “Вагнер” тааллуқ дорад. Дар онҷо маҳбусони кушташуда дар ҷанги Украина, аз ҷумла чанд зодаи Осиёи Марказиро дафн кардаанд. Радиои Озодлик навишт, номи чанд шаҳрванди Узбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистонро ёфт.
Носир Сафаров ва Парвиз Саидмуродов. Акси соли 2012

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button