ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ЗАНИ ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР КӮЧАИ ГАГАРИНИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар шаҳри Хуҷанд хабар дод. Бино ба иттилои нашршуда, субҳи барвақти 2-юми марти соли 2023, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қобилов Машокирҷон Неъматович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шарипова Гулбаҳор Ғайбуллоевна, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шарипова Г.Ғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон як рӯз қабл хабар дод, ки дар байни ҳамагӣ 9 соат: аз шоми 28 феврал то шаби 1 марти соли 2023 дар се садамаи нақлиётӣ дар Шаҳритӯс, Қубодиён ва Ҳисор се нафар, аз ҷумла як кӯдаки дусола ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла шоми 28-уми феврали соли 2023, тахминан соати 17:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Файзуллозода Бахтиёр, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми дар ҳавлии хонаи истиқоматиаш ба қафо ҳаракат кардан, дар ҳамин ҳолат хурдсол, Ҷӯразода Мансур, соли таваллудаш 2021, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҷӯразода М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин шаби 1-уми марти соли 2023, тахминан соати 01:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Старекс”, Алмонов Абдукарим Амонович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми дар ҳудуди деҳаашон ҳаракат кардан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, Девонақулов Ҳасан Пардадилевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Девонақулов Ҳ.П. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ва низ шаби 1-уми марти соли 2023, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Саната”, Файзалии Раҷаб, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми дар роҳи автомобилгарди ҳудуди шаҳри Ҳисор ҳаракат кардан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автамобили тамғаи “Мерседес-бенс-190”, таҳти идораи ронанда, Ғиёсов Ҳабибулло Ҷунайдуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нарзуллоев Сорбон Қудратович, соли таваллудаш 1992, сокини ҳамон ҷо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button