ВарзишВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

САРУ ЛИБОС ВА ЧИЗУ ЧОРАИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК НУРУЛЛО АЛИЕВРО ДАР АМРИКО ҒОРАТ КАРДААНД

Дар ҳоле ки шаби 25 ба 26 феврали соли 2023 паҳлавони тоҷик Нурулло Алиев дар Лас-Вегаси Амрико дар майдон дар нахустин набардаш дар UFC, мӯътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши ҷангҳои бидуни қоида (ММА) рақиби бразилиягиаш Рафаэл Алвесро шикаст медод, дуздон чизу чораи ӯву аъзои тимашро аз тавқифгоҳи мошинҳо (парковка) -и меҳмонхонаи “Palace Station” дар шаҳри Лас-Вегас ба ғорат бурдаанд.

Нашрияи испанизабони AgFight, ки нахустин шуда дар бора хабар дод, навишт, ки дуздон аз ҷумла санадҳо, як миқдор пул ва василаҳои электронӣ: планшету телефонҳои Нурулло  ва ҳамдастаҳояшро ба яғмо бурдаанд.

Нурулло ва ҳамроҳонаш баъди пирӯзӣ бар Рафаэл Алвес барои гирифтани мошинашон ба тавқифгоҳ омада, дидаанд, ки дуздон мошинро комилан холӣ кардаанд. Худи Нурулло гуфтааст, ки аз тамоми чизу чорааш танҳо сару либосе, ки дар тан дошт, боқӣ мондаасту халос. Ӯ аз роҳбарони UFC изҳори сипос кард, ки дар ин вазъияти мушкил ба онҳо кумак расонданд.

Бино ба гузориши расонаҳои Амрико, Нурулло Алиев ва ҳамроҳонаш аз маъмурияти меҳмонхонаи “Palace Station” хостаанд, то сабти видеокамераҳои назоратӣ аз ҷои ғорат шудани мошинашонро ба онҳо нишон диҳанд, вале ҷавоби рад гирифтаанд.

Ҳоло пулиси Лас-Вегас дар робита ба ин қазияи дуздӣ таҳққот пеш мебарад ва ба ҷамъоварии далелҳо машғул будааст. Пулис баъди чанде дуртар аз меҳмонхона мошинеро пайдо кардааст, ки бовар меравад, аз сӯи дуздон истифода мешуд. Вале мутаассифона, аз дохили он чизу чораи Нурулло Алиев ва ҳамдастаҳояшро пайдо накардаанд.

Нурулло Алиев, ки 23 сол дорад ва барои шабоҳати қиёфааш бо бо паҳлавони машҳури доғистонӣ ӯро “дугоники Ҳабиб” низ меноманд, нахустин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки бо UFC қарордод баст ва нахустин набарадашро дар ин муътабартарин лигаи ҷаҳонии ҷангҳои бидуни қоида (ММА) баргузор кард. Нурулло шаби 25 ба 26 феврал Рафаэл Алвесро бо қарори якдилонаи доварон (9:0) шикаст дод.

Ба хотири онки мардум набарди нахустини нахустин паҳлавони тоҷикро дар UFC тамошо карда тавонанд, шаби набарди ӯ барои як шаб лимити барқро дар кишвар аз байн бурданд.

Паҳлавони тоҷик  баъди анҷоми набард дар нишасти хабариаш гуфт, ӯро пуштибонии гарми 10 миллион сокини Тоҷикистон ва ҳамчунин як ваъдаи падараш руҳбаланд мекард ва ба пирӯзӣ  таҳрик медод. Ӯ гуфт: “Падарам ба ман гуфт, агар ғалаба кунӣ, биё, имсол занат медиҳем. Ман ғалаба кардам! Ва ҳоло ба падарам занг зада, мегӯям, “шумо ҳам ваъдаатонро иҷро кунед акнун, ман зангирӣ меоям!”

Алиев Нурулло Хайруллоевич соли 2000 дар ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар Душанбе ба воя расидааст. Нурулло аз соли 2018 дар мусобиқоти ММА майдондорӣ мекунад ва паҳлавонест, ки то ҳол пушташ заминро надидааст. Нурулло Алиев  20 сентябри соли 2022 дар мусобиқоти Dana White’s Contender Series дар вазни сабук алакай 24 сония қабл аз анҷоми даври аввали рақобат рақиби 27-солааш аз Амрико Ҷош Уикро бо нокаути фаннӣ шикаст дод ва нахустин разманда аз Тоҷикистон шуд, ки бо UFC қарордод баст. Аз ӯ қабл тоҷики зодаи Самарқанд Заррух Адашев низ бо UFC қарордод имзо карда буд.

Нурулло Алиев дар Маскав дар толори Evolve Gym машқ мекард, вале тамрини гуштини тарзи озодро дар шаҳри Хасавюрти ҷумҳурии Доғистони Русия таҳти роҳбарии Муҳаммад Ҳесейнов анҷом медод.Худи Нурулло Алиев нақл мекунад, ки ба сабаби шабоҳати зиёди қиёфааш бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов бисёр вақт ӯро Ҳабиб гумон мекунанд ва ҳатто чандин бор ба пешаш омада, соядаст ҳам дархост мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button