ВидеоҶомеа

ДАР ФАЙЗОБОД ЯК МАРД МАЪШУҚАИ РАҚҚОСААШРО БАРОИ БО ҶАВОНИ ДИГАР РАҚСИДАН ЗАДА КУШТ

Додгоҳи ноҳияи Файзобод бо ҳукми худ аз 9 декабри соли 2022 сокини деҳаи Меҳрободи ин ноҳия Алиев Суҳайлиро бар асоси қисми сеюми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикстон дар қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст, гунаҳкор шинохта, ба 12 соли 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2 марти соли 2023 дар шарҳи ин парванда гуфт,  Алиев Суҳайлӣ Сангинмуродович, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, ҷамоати деҳоти Меҳробод, деҳаи Меҳробод, шаби 20 сентябри соли 2022 маъшуқааш Раупова Меҳрангез Абдураҳимовна, зода ва истиқоматкунадаи ноҳияи Файзобод, ҷамоати деҳоти Ҷавонон, деҳаи Карсангро, ки дар маркази дилхушии “Самирҷон” ҳамчун раққоса кор мекард, аз ҳиссиёти рашк дар пеши чашми тифли хурдсолаш барои он зада кушт, ки Меҳрангез Раупова гӯё дар он марказ бо як ҷавони дигар рақсида ва ӯро оғӯш кардааст.

Худи Суҳайлӣ Алиев ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи додситонӣ, ӯ шаби 20 сентябри соли 2022, тахминан соати 22:00, ҳангоми дар маркази дилхушии “Самирҷон”, воқеъ дар деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод қарор доштанаш, тахминан 500 грамм нӯшокии спиртии навъи “арақ” истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ аз маркази дилхушии мазкур бо маъшуқааш Раупова Меҳрангез, ки дар ҳамин маркази дилхушӣ ҳамчун раққоса кор мекард, ба манзили истиқоматии ба иҷора гирифтааш, воқеъ ноҳияи Файзобод, ҷамоати деҳоти Вашгирд, деҳаи Лолагӣ, кӯчаи М.Турсунзода, хонаи №18, омадаанд.

Додситонӣ меафзояд: “Алиев Суҳайлӣ бо маъшуқааш Раупова М.А.  аз ҳиссиёти рашк, ки дар маркази дилхушӣ бо дигар ҷавон рақс намуда, ба оғӯш гирифтааст, муноқиша намуда, бо дасташ як маротиба ба рӯи Раупова М.А. зада, ӯро ба замин афтондааст. Сипас Алиев С.С. кирдори қасдонаи худро идома дода, Раупова М.А.-ро дар ҳузури писари хурдсолаш Сайфудинов Ҷовидон Қутбидинович (с.т. 2016)  бо дасту пойҳояш ба  қисмати рӯй, cap ва дигар қисматҳои баданаш мезанад, ки дар натиҷа Раупова М.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Бисёриҳо дар зери ин хабар Алиев Суҳайлиро гунаҳкор кардаанд, ки ӯ хуб медонист, ки маъшуқааш раққоса аст ва як вазифааш дар маркази дилхушӣ ҳам рақсидан бо муштариёну хушу розӣ кардани онҳост. “Агар он қадар арӯси бамаънияш мефорид, мебоист ягон зан ё духтари ботақвою ҳиҷобпӯшро хуш мекард. Ба раққоса дил бастану баъдан ба ҳар қадами ӯ рашк кардан камоли бемаънигист”, навиштааст яке аз корбарон. Як хонум навиштааст, “мутмаинам, ки ин мард ба ғайр аз ин маъшуқа боз зану фарзанд ҳам дорад. Оқибати хиёнат ба хонаю дари ҳалоли худ ҳамин аст…”

Бисёрии корбарон ба Ҷовидони шашсола дилсӯзӣ нишон дода, навиштаанд, лаҳзаи қатли бераҳмонаи модараш дигар як умр дар хотираи ин тифли маъсум, ки шоҳиди бевоситаи ин ваҳшоният шуда буд, нақш мебандад. Корбарон менависанд, ин тифл ба кумаки ҷиддии равонӣ ниёз дорад, вале дар шароити Тоҷикистон маъмулан чунин масоилро зиёд ҷиддӣ намегиранд.

Бархе корбарон навиштаанд, ки марказҳои дилхушие, ки ҳоло тақрибан дар ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон пайдо шудаанд, ба марказҳои фисқу фуҷур табдил ёфтаанд ва бояд мақомот кайҳо масъалаи бастани чунин марказҳоро дар байн мегузоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button