ВидеоСиёсат

ЧАНД ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТ ВА ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 марти соли 2023 дар ҳайъати ҳукумат ва дастгоҳи иҷроияи президент чанд тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла бо қарори ҳукумат Солеҳзода Умед Абдулло аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нав озод карда шуда, ба ҷои ӯ Қурбонзода Исоҷон Ятим муовини якуми вазир таъйин гардид. Ба сабаби таъйин шуданаш ба ин мақом Исоҷон Қурбонзода бо амри президент аз  вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи президент озод карда шуд ва ба ҷои ӯ ба ин мақом Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло таъин гардид.

Рӯзи 2 март бо қарорҳои ҳукумат Сафарзода Бахтиёр Хайрулло ва Назар Азиз Савзалӣ муовинони вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъйин гардид.

Дар бораи сабабҳои ин тағйироти кадрӣ шарҳе дода нашудааст.

Дар Тоҷикистон таъйинот ба аксари мансабҳо: аз вазирону муовинони онҳо то раисону шаҳру ноҳияву вилоятҳо ва додрасҳову додситонҳо ҳама бо амру қарору фармонҳои президент сурат мегиранд ва дигар тағйироти кадрӣ низ бояд “дар мувофиқа бо президент” анҷом шаванд.

Чандин борҳо аҳли ҷомиа пешниҳод карданд, ки ҳадди ақал интихоби раисони ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳияҳо тавассути интихоботи мустақим сурат бигирад, вале ин пешниҳод қабул нашуд.

Мунтақидон бар инанд, ки аз марказ сурат гирифтани ҳама тағйироти кадрӣ деги коррупсияро гарм нигоҳ медорад ва сарусадоҳое зиёданд, ки довталабон барои ба даст овардани мансабҳои равғанине, чун раиси ҷамоат, раиси кумитаи замин ё барои курсии сардори БДА дар ин ё он минтақа даҳҳо ҳазор доллар пора медиҳанд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 марти соли 2023 №90
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири саноат
ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Солеҳзода У.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Солеҳзода Умед Абдулло аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 марти соли 2023 №91
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири саноат
ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Қурбонзода И.Я.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Исоҷон Ятим муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 марти соли 2023 №92
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири саноат
ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода Б.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Бахтиёр Хайрулло муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 марти соли 2023 №93
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири саноат
ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Назар А.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Назар Азиз Савзалӣ муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 марти соли 2023 №94
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири рушди
иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Нуриддинзода А.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қурбонзода Исоҷон Ятим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 марти соли 2023
№АП-339

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 марти соли 2023
№АП-340

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Номзади илм Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффор гуяд:

    Шуғли дӯстдоштаи кӯдакон бозӣ аст, шуғли дӯстдоштаи эмомалӣ “таъиноти кадрӣ”. Як мушт муфтхӯр ва поррахӯрро аз як курсӣ ба курсии дигар таъин мекунад, хизмати хирсона ба халқи бадбахти дастнигар. Наход муовини раиси ҷамоат бо фармони президент таъин шавад?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button