
Яке аз хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ки рӯзи 1 марти соли 2023 барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояш дар Маркази Сахарово корафтода шуда буд, хабар дод, ки дар фаъолияти ин марказ шоҳиди мушкилоти ҷиддӣ шудааст ва ӯ барои гирифтани патент маҷбур шудааст, ки 10 соат навбат бипояд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, давоми рӯзи 1 март ҳам компютерҳои маркази Сахарово кор намекард ва ҳам пули бонкро супоридан имкон надошт.
Масъулин баромада, ба муҳоҷирон фаҳмондаанд, ки ба зидди бонки “Солидарност”, ки ҳисобу китобҳои Маркази Сахарово асосан тавассути он сурат мегирифтааст, аз ҷониби Амрико 10 таҳрими нав ҷорӣ кардаанд ва ин боиси эҷоди мушкил дар интиқоли маблағҳо шудааст.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ, компютерҳои маркази Сахарово зуд зуд мечаспид ва кормандони он маҷбур шудаанд ки супоридани ҳуҷҷатҳоро комилан қатъ кунанд ва ба муҳофизон ва кормандони пулис дастур додаанд, то онҳоеро, ки барои ҳуҷҷатсупорӣ меоянд, аз дами дар гардонда, гашта ба автобусҳо савор кунанд ва ба Маскав баргардонанд.
Ин муҳоҷири тоҷик аз сомонаи “Бомдод” хост видеои сабткардаашро бо ин маълумот нашр кунем, то дигар муҳоҷирони тоҷик аз вазъ хабардор шуда, беҳуда саргардон нашаванд. Аз ҳама муҳоҷироне, ки бояд барои дуруст кардани аснодашон ба Маркази Сахарово бираванд, хоста мешавад, ки пеш аз рафтан як бор бо телефони:
+7(495)7777777
занг бизананд ва маълумоти дақиқ бигиранд, ки оё мушкил рафъ шудааст ва оё онҳо метавонанд бо дили пур биоянду ҳуҷҷатҳояшонро бисупоранд?
Маркази Сахарово ягона ҷоест, ки довталабони кор дар шаҳру вилояти Маскав барои гирифтани патент бояд ба он муроҷиат кунанд. Ин марказ солона танҳо аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирони корӣ ба буҷаи шаҳри Маскав то 50 миллиард рубл, ё тақрибан 700 миллион доллар фоида меорад.
Ин видеоро яке аз хонандагони “Бомдод” фиристодааст: