ВидеоИлму фанноварӣ

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ АРЗИШИ ХИДМАТҲОЯШРО БАРОИ ДОВТАЛАБОН БОЛО БУРД

Маркази миллии тестӣ, ки чандин сол боз масъулияти қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ва баргузории имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсусро бар дӯш дорад, эълон кард, ки аз 1 марти соли 2023  марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз ёфт.

Маркази миллии тестӣ ҳамчунин хабар дод, ки нархи хидматрасониҳояшро барои довталабон имсол боло бурдааст.

Имсол хатмкунандагони мактабҳои миёна ва миёнаи касбӣ барои дохил шудан бояд барои сабти ном дар Маркази миллии тестӣ 300 сомонӣ бисупоранд. Соли гузаштаи арзиши чунин хидматрасонии марказ 240 сомонӣ буд. Ҳамин тавр, арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) ба ҷои 180 сомонии соли қаблӣ имсол 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар марҳалаи асосӣ 25 сомонӣ муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, ба ятимони кул ва бепарасторони то синни 21, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм, “кӯдакони маъюб” ва шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, дар пардохти пули хизматрасонии ММТ имтиёз дода шудааст.

Додвталабон бояд маблағи хизматрасониро дар Амонатбонк, ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”  пешакӣ пардохт карда, ҳангоми бақайдгирӣ расидашро пешниҳод кунанд.

Марҳалаи номнависии довталабон аз 1 март дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ба ин мақсад дар 44 шаҳру ноҳия 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон фаъолият мекунанд. Суроғаи ин нуқтаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД-2023 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояш наздик ё мувофиқ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад.

Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои пеш, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ)-ро барои имтиҳон, ҳамчунин маконҳои имтиҳонсупорӣ ва фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, яке аз ин забонҳо – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро, ҳамчун забони хориҷӣ, барои имтиҳонсупорӣ интихоб карда метавонанд.

Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Маркази миллии тестӣ таъкид кардааст, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ки ба доми чунин қаллобон наафтанд”.

Марказ таъкид кардааст, ки барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд ва вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Марказ ва азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагб ИМД-2023,  ба довталабон аз ҷумла истифодаи маҷмуаи саволу масъалаҳо тавассути барномаи  “Худро бисанҷ” машварат дода шудааст.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Ҳар сол мактабҳои миёнаро дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор нафар хатм мекунанд. Аз ин шумор беш аз 30 ҳазор нафараш ба донишгоҳҳову донишкадаҳо ва коллеҷҳо дохил мешаванд, вале  як қисми бузурги онҳо роҳи муҳоҷирати кориро пеш гирифта, ба артиши бе ин ҳам хеле бузурги муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ, асосан дар Русия, мепайванданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Профессор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Маркази миллии пастӣ бояд барҳам дода шавад. Коррупсия, шиносбозӣ, “тағабозӣ”, маҳаллабозӣ, дағалӣ, бемасъулиятӣ ва қонуншиканӣ дар рӯзҳои аввали ифтитоҳи марказ алакай доман паҳн карда буд ва ҳанӯз ҳам идома дорад. Донишу маҳорату малакаи довталабон дар мадди аввал нест. Аввал пул, таға, мавқеъи ҷуғрофӣ, баъд илм, дониш, лаёқат…методҳои халқи аз тамаддун (цивилизация) дурмонда ҳамин аст. Бояд аз ин корҳо (методҳо) даст кашид.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button