ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ТАРМАЮ СЕЛУ САНГРЕЗ ДАР МИНТАҚАҲОИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли 2023 бо нашри як иттилоияи вижа дар сомонаи расмиаш сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор дод, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон, чанд рӯзи оянда дар бархе қитъаҳои роҳҳои Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари баланди фурӯ рехтани тармаҳо ва селу сангрез боқӣ мемонад.

Ба ин далел, Кумита бори дигар аз сокинон ва меҳмонони Тоҷиктстон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок ҳадалимкон худдорӣ варзида, хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулодда ба ин рақамҳо занг бизананд:  бо рақами кӯтоҳи 112 ваё бо рақами (+992) 93 880 28 19.

Кумита гуфт, ба хотири таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расондани кумаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар қисматҳои гуногуни ин роҳҳо гуруҳҳои вижаи наҷотбахшон навбатдорӣ мекунанд. Гуфта мешавад, андешидани чунин чораҳои бехатарӣ дар давраим боло рафтани хатари ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда бар асари сардию барфрезиҳо амри зарурист.

Аз аҳолӣ хоста шудааст, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла аз марги инсонҳо, дар ин рӯзҳо аз ҳаракат тавассути роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳои хатарнок то ҳадди имкон худдорӣ кунанд ва ҳамчунин нияти рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, шикор, моҳидорӣ ё барои чаронидани чорворо низ ба рӯзҳои хубтар қафо гузоранд.

Ин ҳушдор дар ҳолест, ки имсол алакай дастикам 24 нафар дар Тоҷикистон қурбони тарма шуданд. 18 нафари онҳо дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла 15 нафар дар маҳаллаи Носири Хусрав (собиқ Шошхоруғ) дар шаҳри Хоруғ, як нафар дар ноҳияи Шуғнон ва дуи дигар дар Ванҷ зери тарма монда, ҷони худро аз даст доданд. 6 нафари дигар дар роҳи Душанбе  – Хуҷанд зери тарма монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button