ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ПОЛША БА ЯК ФАЪОЛИ ТОҶИКТАБОРИ АЗ РУСИЯ ИХРОҶШУДА ПАНОҲАНДАГӢ НАДОД

Полша ба фаъоли аз Русия ихроҷшуда Саиданвар Сулаймонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Саша-Печенька маъруф буда, зодаи Тоҷмкистон, вале дар Русия фаъолияти сиёсию ҷамъиятӣ дошт, паноҳандагии сиёсӣ надодааст. Дар ин бора худи Саиданвар рӯзи 28 феврали соли 2023 дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод. Ӯ навиштааст, ки “ҷониби Полша дархости паноҳандагии сиёсии маро лағв намуд, аммо мо дубора барои таҳқиқи ин қазия ба мақомоти дахлдори ин кишвар муроҷиат хоҳем кард”.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid09zhLudTqK23W5V8dFhrtRuXBJG9iG3EUX5USENY8DukjGYMgos2fxqSCLfoE3ZUil&id=100050391732712

Ба навиштаи Саиданвар Сулаймонов, “дар рӯзи ҷавоби рад гирифтан аз сӯи мақомоти Полша, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон чанд дафъа ба хонаи мо дар Тоҷикистон рафта, бо падару модарам сӯҳбат намуда, аз онҳо такрор ба такрор ҷою макони зисти манро пурсидаанд”.

Ӯ дар сӯҳбат ба нашрияи “Инсайдер” гуфтааст, ки ӯро дар Тоҷикистон ё ҳабс ва ё марг интизор аст: “Дар Тоҷикистон маро натанҳо ҳукумат, балки исломгароҳо низ таъқиб хоҳанд кард. Чун ман дар масъалаи ҷанги Тоҷикистон бо Қирғизистон возеҳ мухолифи ҷанг суханронӣ кардам ва ҳатто чандин таҳдидҳо низ дар робита ба ин қазия ба ман шуда буд. Инчунин ман аз бехудоҳо ва гурӯҳҳои ҳамҷинсгаро пуштибонӣ мекунам. 3-5 нафар доиман ба ман таҳдид мекунанд ва менависанд, ки дар ҳолати вориди хоки Тоҷикистон шудан маро нохушӣ мунтазир аст”.

Саиданвар Сулаймонов соли 2021 замоне диққати ФСБ-и Русияро ба худ ҷалб намуда буд, ки дар тими маъракаи пешазинтихоботии Андрей Пивоваров, ки ҳоло дар Русия дар маҳбас қарор дорад, ширкат варзид. Худи ҳамон сол дар моҳи октябр, ФСБ ӯро барои 40 сол аз Русия ихроҷ намуд. Он замон яке аз маъруфтарин пропагандистҳои рус, муҷрии телевизиони “Россия 1” Владимир Соловёв хитоб ба Саиданвар дар як барномаи худ гуфта буд, ки “дафъ шав аз кишвари мо, ту як маслуқи беватан ҳастӣ!”

Саиданвар Сулаймонов тайи замони баррасии дархости паноҳандагиаш дар Полша ба ҳайси ихтиёрӣ ба гурезаҳои украинӣ дар марзи Полша ва Украина кумак расонда, ҳамчунин фаъолияти рӯзноманигорӣ низ мекард. Чанде пеш Роскомнадзор подкасти DOXA-ро, ки дар он Саиданвар аз зиндагии гурезаҳои ҷанги Украина ҳикоят мекунад, баст.

Саиданвар Сулаймонов  аз соли 2008 дар Русия ба сар мебурд. Ӯ дар замони пандемияи КОВИД-19  ба ҳайси парастор дар яке аз бемористонҳои махсуси табобати беморони коронавирус дар ноҳияи Крилатскоеи шаҳри Маскав кор мекард. Вале пас аз он ки дар як флешмоби ташкилкардаи роҳбари мухолифини рус Алексей Навалний иштирок варзида, ба нишони ҳамрайъӣ чароғи телефони худро дар бемористон фурӯзон кард, Саиданварро аз ин бемористон аз кор ронданд. Исми ин зодаи Тоҷикистон баъди ана ҳамин флешмоб дар забонҳо уфтод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button