ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР КӮЧАИ АНЗОБ, ДУЗДӢ АЗ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “ШОМИ ДАНҒАРА” ВА БОЗДОШТИ РОНАНДА БО ҲУҶҶАТИ ҚАЛБАКӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 01.03.2023

Боздошт гардидани марди ғоратгар

18

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 7-уми феврали соли 2023, тахминан соати 16:35-дақиқа, дар дохили Боғи Ғалаба, вокеъ дар кӯчаи Анзоби пойтахт шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасти додари ноболиғаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 10»-ро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

101

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 30-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус муроҷиат намудааст, ки 24-уми феврали соли 2023, тахминан соати 21:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба толори дилхушии “Шоми Данғара”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, даромада, аз он ҷо 12 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 30-юми январи соли 2023, шабона бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз ончо 1-адад телевизори тамғаи «Самсунг»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки соли 2019 бо моддаҳои 244 ва 165 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз гардид.
Номбурда 8-уми феврали соли 2023, тахминан соати 11:00, ҳангоми дар заминҳои саҳроии ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи ҳамин ноҳия қарор доштанаш, 2 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 23 ҳазор сомонӣ, ки ба марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ доранд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошти ронанда бо шаҳодатномаи қалбакии ронандагӣ

218

Ҳайати шахсии шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД-1 дар шаҳри Исфара, зимни хизматбарӣ ва назорат аз болои иштирокчиёни ҳаракати роҳ идораи воситаи нақлиёт бо шаҳодатномаи қалбакиро ошкор намуданд. Ронанда Ҳасанов Аббос Шокаримович, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, дар кӯчаи Марказии шаҳри Исфара воситаи нақлиёти тамғаи «Митсубиси», аломати қайди давлатиаш TJ 03 35 BR 02-ро идора мекард ва барои қоидавайронкунӣ боздошт гардид.
Дар ҷараёни санҷиши ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда нозири бозрасӣ аломату нишонаҳои қалбакӣ доштани шаҳодатномаро мушоҳида намуда, бо тартиб додани санад шаҳодатномаи ронандагиро аз ӯ гирифт.
Хулосаи ташхиси криминалистӣ дурустии тахмини нозири бозрасиро тасдиқ кард. Шаҳодатномаи ронандагии ба шаҳрванд Аббос Ҳасанов таалуқ дошта бо дараҷаи “Б” барои идораи нақлиёти сабукрав, баръало қалбакӣ буда, бо роҳи сохтакорӣ, бе риояи талаботҳои технологӣ таҳия шудааст. Ошкор шудани кирдори ғайриқонунӣ, сохтакории ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда ӯро ҷавобгар намуд. Зеро бо кирдори худ талаботи меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон ва дар асоси ҳамин модда нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Номбурда ба тафтишоти пешакӣ иқрор шудааст, ки ҳангоми қарор доштан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия шаҳодатномаро бар ивази 30 000 рубли русӣ ба даст овардааст.
Мавриди зикр аст, ки шаҳодатномаи ронандагӣ аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳандае маҳсуб меёбад, ки барои ба даст овардани он шахси ҳаваси ронандагӣ дошта баъди гузаштан аз марҳилаи таълимӣ бо супоридани имтиҳони назариявии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гузаштан аз санҷиши амалии қобилияти ронандагӣ шаҳодатномаро соҳиб мешавад. Дар шароити имрӯза дилхоҳ нафари орзӯи ронандагӣ дошта бе мушкилӣ метавонад бо роҳи қонунӣ шаҳодатномаи ронандагӣ ба даст орад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

03

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 47-солаи сокини ноҳияи Рашт муроҷиат намудааст, ки моҳи марти 2022, дар кӯчаи М.Мастонгулови шаҳри Душанбе марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ дар 3-марҳила 70 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хешованди ӯро аз даъвати ҳарбӣ озод менамояд, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 42-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 10-уми октябри соли 2021, марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 180 ҳазор сомонӣ қарз гирифта ваъда додааст, ки дар муддати як сол бармегардонад, аммо номбурда маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button